МУҲАММАДИҚБОЛИ ОҚИ ПАДАР

 

Дар замони мушкили пандемия ёриҳои ба кишвар, муассисаҳою кормандони тиб, ба камбизоатон расонидашуда қаҳрамонӣ мебошад. Гарчанде, ки кишвари мо бой нест, мо системаи муташаккилонаи тиббӣ дорем. Пизишкон, духтурони оддӣ ҷон дар кафи даст бисту чор соат дар набард бо марг ҳастанд. Дар ин роҳ қурбон мешаванд. Инро барои худ қаҳрамонӣ намешуморанд. Ҳисоб мекунанд, ки чунин муносибат барояшон як чизи оддӣ аст. Нанг аст. Номус аст. Ватандорӣ аст. Қарзи инсонӣ аст.

Лекин аз дигар тараф душманони халқу ватан, зархаридони хориҷӣ аз ин фурсати қулай истифода бурда, бо ҳар роҳ кӯшиш менамоянд, ки фазои иттилоотии моро заҳролуд намоянд. Одамон, махсусан ҷавонон шоҳид ҳастанд, айнан ҳамин хислатро дар ин рӯзҳои фоҷеабор ифротгароёни палиди наҳзатӣ дар намоиш гузоштаанд. Дар ҳар як мурдаи тоҷик онҳо рақсу бозӣ, хушҳолӣ ва якдигарро табрик мекунанд. Инҳо аз ҷумлаи пасттарин инсонҳои дунё ҳастанд.

Ба ҳамшаҳриёнамон, алалхусус ҷавонон муроҷиат намуда, мегӯем, ки ба Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар нохалафони амсоли инҳо бовар накунанд. Имрӯз онҳо аз мусибати мардум суд меҷӯянд ва сӯиистифода кардан мехоҳанд. Мо нағз медонем, ки аз сиёсатбозии чунин палидон кишвари мо ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор шуда, қариб 160 ҳазор одамон кушта шуданд. Рушди иқтисодиёти кишвар ба даҳсолаҳо қафо партофта шуд. Магар даъвати ин палидон набуд, ки наздик 2 ҳазор ҷавонони роҳгумзадаамон дар ДИИШ беватан хору зор шуда, аз зану фарзанд ҷудо мондаанд. Ин фардони бефарҳанги оқипадар аз аввал душмани халқу ватан буданд, мемонад ва то ҳол номи тоҷикро дар ҷаҳон доғдор намуда истодаанд. Дар замони дар сари қудрат буданаш Кабирӣ беморхонаи сироятии ҷумҳуриявиро бо 10 гектар замини атрофаш фурӯхт. Саид Юнуси Истаравшанӣ бошад дуздзодаест, ки додар ва занаш бо хариду фурӯши маводи мухаддир дар хориҷи мамлакат ба маҳкама кашида шудаанд. Худи ӯ эътироф намудааст, ки бобояш босмачӣ аст ва мо кӣ будани босмачӣ ва қӣ мақсад доштани босмачиҳоро хеле хуб медонем. Барои ин шармандаҳои миллат ягон чизи муқаддас, шахси барӯманд вуҷуд надорад. Барои амалӣ сохтани мақсадҳои нопоки худ аз дини мубини Ислом сӯиистеъмол мекунанд. На Кабирӣ дар ҷанозаи модараш (замоне, ки вакили интихобкардаи исломиҳо буд), ширкат кардааст, на Муҳаммадиқболи Садриддин дар мурдаи падараш ба Полша аз Фаронса рафтааст, гарчанде ки байни ин кишварҳо раводид (виза) доштан зарурат надорад.

Агар одам ба падару модари худ, ки ба умеде фарзанд гуфта, нури чашм гуфта калон мекунад, эҳтирому эътиқод надошта бошад, магар аз чунин ашхос барои дар рӯзи мотами ҳамсояи худ, ҳамватани худ сӯгворӣ кардан бӯйи умед ҳаст?

Чӣ тавре, ки мебинед, дар замони имтиҳони ҷиддии ба сари аҳли башар омада яке қаҳрамонона мубориза мебарад, дигаре дасти ёрӣ дароз мекунад, сеюмӣ бо риояи тавсияҳои ҳатмии мутахассисон бетараф набудани худро нишон медиҳад. Лекин душманони мо аз ин вазъияти мушкил сӯиистеъмол намуда, мардумро ба гумроҳӣ меандозанд, ба гурӯҳҳои ба ҳамдигар зид табдил медиҳанд, то ин ки ба мақсадҳои нопоки худ нил шаванд. Вақти он расидааст, ки мо дӯсту душманро аз ҳамдигар фарқ намоем, ба разилони халқу давлат ҷавоби сазовор дода тавонем.

Бурҳониддин Усмонов, “Минбари омӯзгор”

 

Ҳеҷ овозе нест