ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН

DSC07862.JPG

DSC07890.JPG

Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор маъракаи гусели наваскарони ба сафи хизмати Артиши миллӣ баргузор гардид. Қайд кардан ба маврид аст, имрӯз дар сафи наваскарон якбора 91 нафар ҷавонон даъват шуда буданд, ки ин 52%  иҷроиши нақшаро нишон медиҳад.

Дар оғози маърака раиси ноҳия муҳтарам Раҳматзода Рустам суханронӣ намуда, ба сарбозон барои ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтан ва доштани ҳисси миллию ватандӯстӣ миннатдории худро баён намуд.

Дар рафти чорабинӣ суханҳои табрикотӣ аз ҷониби даъватшаванда ва волидони он дар назди ҷамомадагон шунида шуд. Инчунин, барои сарбозон аз тарафи Бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия ва шуъбаи САҲШ кулчаву хуроки яквақта таъмин карда шуд. Дар поёни чорабинӣ номераҳои косертӣ барои наваскарону волидон тақдим карда шуд.

Миёна: 6 (1 vote)