ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ФАРХОР БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИ, ИДИ ОМӮЗГОРОН ВА ЗОДРУЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

 

Ҳамдиёрони азизу арҷманд!

Фарорасии ҷашнҳои фархундаи Рӯзи забони давлатӣ, Иди омӯзгорро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ва шахсан аз номи худам ба ҳар яки Шумо самимона табрик гуфта, бароятон файзу иқболи баланд, рӯзгори обод, тансиҳатию саодатмандӣ ва дар фаъолияти ҳаррӯзатон комёбиҳои бузургро таманно дорам.

Чуноне, ки ҳамагон огоҳӣ дорем, санаи 5-уми октябри соли 2009 бо ибтикори хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, дар ин замина марҳилаи нави рушду такомули забони давлатӣ оғоз шуд, ки то имрӯз бо суръат идома ёфта истодааст.

Рӯзи забони давлатӣ, яъне имрӯз санаи 5-уми октябр боз аз он ҷиҳат барои мардуми шарифи кишвар азизу муқаддас аст, ки он зодрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Наҷотбахши халқу Ватан, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз табрикоти идонаи худ бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатӣ барҳақ таъкид намудаанд, ки: «Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои ғаниву сарватманди ҷаҳон буда, қудрати ифода кардани кулли мафҳумҳоро дорад.

Бо ин забон на танҳо адабиёти оламшумули беш аз ҳазорсола офарида шудааст, балки аз ҷониби донишмандони бузурги мо асарҳои пурарзиш дар самиҳои мухталифи илмӣ таълиф ёфтаанд, ки ба пешрафти минбаъдаи илмҳои табииву дақиқ дар ҷаҳон мусоидат намудаанд.

Ба ибораи дигар, забони тоҷикӣ аз даврони қадим на танҳо забони фарҳангу адаб, балки забони илм, аз ҷумла илмҳои дақиқу табиӣ низ ба шумор мерафту меравад.

Вазифаи мо, махсусан, олимону донишмандон имрӯз аз он иборат аст, ки дар шароити рушди босуръати илму техникаи муосир қудрати забони модариамонро боз ҳам афзун намуда, бо истифода аз сарвати бузурги луғавии забони тоҷикӣ онро ҳамқадами замона гардонем.

Ҳамзамон бо ин, маданияти нутқ ва ҳифзи фасоҳату балоғати забони модарӣ бояд ҳамеша дар мадди назари мо бошад».

Албатта дар татбиқи чунин дастуру ҳидояти созандаи Пешвои маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама устодону омӯзгорон метавонанд, ки бо фаъолияти таълимию тарбиявии худ саҳми шоиста гузоранд. Чунки омӯзгорон беҳтарин донандаи асри сухан ва омӯзандагони забон буда, машъалафрӯзони донишу маърифат ҳастанд. Маҳз дар натиҷаи фаъолияти пурсамари омӯзгорон фарзандони шоистаи миллат ба камол мерасанд ва кишвари азизи худро ободу зебо мегардонанд. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад, вай дониш, заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт меҳисобад».

Бори дигар ҳамаи шумо ва тамоми аҳли ноҳияро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, зодрӯзи Пешвои миллат ва Иди муаллимон табрику таҳният гуфта, бароятон бахту иқболи нек, саломатию саодатмандӣ ва тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно дорам!

Рӯзи забони давлатӣ, зодрӯзи Пешвои миллат ва Иди омӯзгор муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

 

Раиси ноҳияи Фархор:                   Раҳматзода Р.М

Ҳеҷ овозе нест