ПЕШВОИ МУАЗЗАМУ БЕҲАМТОИ МИЛЛАТ

Боиси хушбахтии халқи бузурги тоҷик аст, ки  роҳбареро дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо кардааст. Пешравии давлат аз роҳбари миллатдӯст, ваҳдатсоз, ташкилотчӣ, фарҳангӣ, маорифпарвар, ислоҳотчӣ, сиёсатмадори муваффақ, илмдӯст, олимпарвар вобаста аст. Дар тӯли фаъолияти созандаи худ Пешвои миллат дастгирии илм ва маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки стратегияи рушди миллӣ эътироф намудаанд. Нисбати ин ду ҷабҳаи ҷудонашаванда, ки яке дигарашро мукаммал мекунад ба таври мунтизам дар Паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯриҳои зиёдашон бо зиёиёни кишвар, ҳисоботҳои ҷамъбастии солона, тамоми баромадҳову нишастҳои матбуотӣ ва тавассути тамоми воситаҳои ахбори омма ироадоштаашон таваҷчуҳи махсус зоҳир карда мешавад

Дар Паёми асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Мо то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонидем. Дар марҳилаи кунуни пешрафти Тоҷикистон ба соҳаи илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.» Инчунин таъкид карда шудааст, ки назорати аз худкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутоилаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвия бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Аз ҳамин лиҳоз барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавадро изҳор намуданд. Илова намуданд, ки айни замон на ҳар нафаре, ки ташнаи илму дониш мебошад баҳри аз худ намудани фанҳои мазкур камари ҳиммат мебандад.

Ҳамагон хуб дар хотир дорем, ки солҳои 90-уми асри гузашта бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон як давраи мушкилот ва карахтӣ нисбати илму маориф, тандурусти ва фарҳанг дида мешуд.

Дар ҳамон солҳо аксарияти боғчаҳо, муассисаҳои то мактабӣ, мактабҳо, беморхонаҳо як қатор муассисаҳои давлатии хурду калон, корхонаҳо саноатӣ, ва ҳатто донишгоҳу донишкадаҳо қариб, ки дар зинаи аз байн рафтан қарор доштанд ва ё пурра дари худро ба рӯи эҳтиёҷмандон баста буданд.

Танҳо ба шарофатиидастгирии Пешвои муаззаму хирадманд ин муассисаҳои илмию-иҷтимоӣ, ки дар он беҳтарин фарзандони миллат барои бурдубохти миллат ва давлат ҷоннисорӣ карда қаҳрамонӣ нишон доданд, бо дигар кардани сохтор барои тарбия намудани мутахассисони баландпояи барои пешравии оянда миллат зарур, пурра нигоҳ дошта шуд, ки аксарияти онҳо айни замон аз ҳисоби буҷаи давлат то ба имрӯз дар сатҳи баланд маблағгузорӣ карда мешавад. Барои тасдиқи гуфтаҳои боло ҳамин басанда мебошад, ки агар дар 70 соли даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон 7-8 донишгоҳу донишкада фаъолият менамуд, айни замон шумораи онҳо аз 40 гузаштааст, ки ин маҳсули меҳнати шабонарӯзии Пешвои хирадманд, сарсупорида ва оқилу доно мебошад. Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон «Дар вохӯрӣ бо олимон ва аҳли эҷоди кишвар» (дар таърихи 18.03. соли 2020) чунин ишора намуданд: Ташкили корхонаҳои хурди илмиву истеҳсолӣ бо мақсади дар истеҳсолот ҷорӣ намудани натиҷаи корҳои илмиву тадқиқотӣ, таҳким бахшидан ба фаъолияти технопаркҳо, робитаи мустҳками мактабҳо ва марказҳои илмии муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ бо корхонаҳои истеҳсолии ватаниву хориҷӣ роҳи дигари пайвастани илм бо истеҳсолот мебошад.

Барои баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар омӯхтани фанҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд, шумораи гирандагон стипендияи фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 400 нафар то 3000 нафар зиёд ва андозаи маблағи он 500 сомонӣ муқаррар карда шавад. Дар бораи баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён, рӯй овардани онхо ба китобхонаю китобхони иброз намуданд, ки шумораи гирандагони стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 100 нафар то ба 500 нафар ва барои аспиранҳои мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ аз 15 нафар то 50 нафар зиёд карда шавад. Дар баробари ин иброз намуданд, ки олимоне, ки ихтироаташон дар истеҳсоли ватанӣ ҷорӣ мешавад, ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод карда шаванд.

Барои баланд бардоштани рӯҳияи миллии аҳолии Тоҷикистони азиз ва худшиносии миллӣ Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатӣ (26.12. соли 2019) иброз намуданд, ки мо кӣ будани аҷдоди гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёнтабор будани худ ифтихор кунем. Дар робита ба ин ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон»-ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намоянд.

Ҳамаи ин дастгириҳои беғаразона Пешвои муаззами миллатпарвар, сарсупоридаи миллат аз он дарак медиҳанд, ки дар навбати аввал ҳамагон- мо бояд ба қадри заҳматҳои Пешвои муазззами миллатдӯст, ваҳдатсоз, ташкилотчӣ, фарҳангӣ, маорифпарвар, ислоҳотчӣ, сиёсатмадори муваффақ, илмдӯст, олимпарвар, ки дасти пиру ҷавонро мегирад, сари ятимону бекасонро сила мекунад, расем. Аз ҳар як нафари мо талаб карда мешавад, ки мо бояд ба қадри дастовардҳои Истиқлолияти давлати Тоҷикистони азиз расем ва онҳоро чун гаҳвараки чашм муҳофизат намоем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳему бозичаи дасти сиёсати сиёсатдорони давлатҳои абарқудрат нагардем, ки аксарияти мо дар солҳои 90-асри гузашта шоҳид ва иштирокчии бевоситаи чунин бозиҳои сиёсӣ бо дастгирии хоҷагони хариҷии «ба ном демократҳои таҳҷойӣ ё маҳалли хеш» будем. Дар баробари гуфтаҳои дар боло оварда шуда сиёсати Пешвои муаззами миллатро дасгириӣ намоем, аз як гребон сар бароварда Ҷашни мубораки 30-солагии Истиқлолияти давлатиро дар сатҳи баланд зери Шиори Тоҷикистон ба пеш! Ба пеш! Ба пеш таҳти роҳбарии Пешвои хирадманд Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирем.

Бойматзода А, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест