ХИЗМАТ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ

 

Аз соли 1993 то имрӯз, ҳамасола 23 феврал Рӯзи таъсиси Артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Инак 27 сол аст, ки миллати тоҷик ин рӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамояд.

Бояд гуфт, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити хеле вазнин таъсис ёфтааст. Сарфи назар аз мушкилоти зиёд ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ роҳи пурпечутоберо тай карда, таҷриба андӯхт ва имрӯз он яке аз артишҳои касбии минтақа ба шумор меравад. Имрӯз шароити хизмат дар сафи Қуввҳои мусаллаҳ хуб буда, рӯз ба рӯз шумораи ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ мепайванданд, зиёд мегардад.

«Дар ҷомеаи имрӯза ҳастанд ҷавононе, ки аз хизмат ба Ватан саркашӣ намуда, нисбат ба он андешаҳои манфиро дар сар мепарваранд. Ман ҳамчун як тан сарбози Ватан метавонам гӯям, ки шароит дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар сатҳи баланд буда, тамоми техникаву технология ва таҷҳизоти муосир фароҳам оварда шудааст. Тоҷикистон — Ватани мо буда, ҳеҷ вақт ягон нафари бегона барои халқу ватанамон хизмат ва онро софдилона ҳимоя намекунад. Пас, бояд мо, ҷавонони дӯстдори ин марзу бум ва ин обу хок, ки парвардаи домони поки модари тоҷикем, Ватани худро дӯст дорему баҳри шукуфоияш кӯшиш ба харҷ диҳем».

 Ба зикри сарбозони қаторие, ки имрӯзҳо сарбаландона дар қисмҳои ҳарбӣ адои хизмат доранд,  чунин ақида доранд, ки “...хизмати ҳарбӣ метавонад ҷавонро ҷисман обутоб дода, ба мушкилиҳои зиндагӣ сабур ва пуртоқат гардонад. Бояд гуфт, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ на танҳо ҳимоя намудани Ватан аст, балки он идома додани корҳои ободонию созандагӣ барои Тоҷикистон ва фароҳам овардани фазои сулҳу осоишта дар мамлакат мебошад”.

Сарббози дигаре ақидаашро чунин ибброз кардааст: «Ман хатмкардаи Донишгоҳи шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия мебошам. Пас аз хатми донишгоҳ тасмим гирифтам, ки аввал хизмати Ватан- Модарро ба ҷо оварда, пасон паи кору зиндагӣ шавам. Зеро барои шахси эҷодкор ва ҳар як ҳунарманд тай намудани ин зинаҳо хеле муҳим мебошад. Чун фаъолият ва нақшҳои меофаридаи ҳунарманд гуногун буда, ӯро зарур меояд, ки ҳама соҳаро омӯзад».

Ба гуфтаи сарбозон, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ шарафи бузург буда, ҷавононро мебояд қарзи фарзандии худро иҷро намоянд.

Алихон Хидиров, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест