НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ватанамон - Тоҷикистон як рӯйдоди муҳими таърихӣ ва дастоварди нодир мебошад, ки кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати мустақил муаррифӣ менамояд.

Мутаассифона дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ватани моро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифта, он хатари парокандашавии давлат ва нестии миллатро ба вуҷуд овард. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ барои иқтисодиёти кишварамон зарари калони моддию маънавӣ расонида, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар одамон гардид.27 июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ арзишманд ва муқаддас аст. Бояд қайд намуд, ки чунин рӯзҳои таърихию хотирмон дар ҳаёти ҳеҷ як халқу миллате худ аз худ ба вуҷуд наомада, дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ ва азму иродаи қавии шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ муяссар мешаванд.

Чунин шахсияти таърихӣ дар ҷомеаи мо, ки барои бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва барқарор сохтани сулҳу ваҳдати миллӣ хизматҳои ниҳоят бузургу хирадмандона карда, дар таърихи давлату миллат як марҳилаи навро ба миён оварданд, Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назардошти ҷаҳду талошҳо ва хизматҳои бузургу тақдирсозашон дар ҳифзу барқарорӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ, соли 2015 дар асоси қонун ва соли 2016 дар асоси қонуни конститутсионӣ «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» эътироф гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 сол муқаддам бо дигар фарзандони ватандӯсту сулҳхоҳи тоҷик баъд аз нофаҳмиҳо ва даргириҳои таҳмили дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ихтилофот хотима бахшида, ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистонро имзо гузоштанд. Бо изҳороти худ дар Иҷлосияи таърихии ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат ҷумҳурии соҳибистиқлолро аз ҷанги таҳмили раҳо ва дарҳоро барои музокира кушода, ваъда доданд, ки ба кишвар сулҳ меоранд, мардумро ба нишоту комронӣ мерасонанд ва бо фаросати азими мардумпарварӣ ва миллатдӯстиашон ҷони худро ба гарав монда, барои таъмини истиқлолият ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон камари ҳиммат мебанданд. Ин бесабаб набуд, зеро муҳимтарин дастоварди умумимиллии мо дар даврони истиқлолият ин ваҳдати миллии мост, ки он ифтихор ва муаррифкунандаи симои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Лутфуллои М, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест