ФИРЕБГАРОН ДАР ИСЛОМ ХУД ДАР КОМИ ФИРЕБ ЗАДАНД

 

Яке аз сабаб ва омилҳои хусусияти сиёсӣ касб кардани дин дар ҷаҳони ислом, бахусус дар кишварҳои навистиқлоли Осиёи Марказӣ, ки ҳанӯз давлатҳои рушдкунанда ба ҳисоб мераванд, ин муборизаи давлатҳои абарқудрат ба мақсади дар зери нуфузи худ ворид сохтани ин кишварҳо мебошад. Мамлакатҳои қудратталаб барои васеъ намудани доираи манофеи геополитикии худ аз роҳу усулҳои мухталиф, аз таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти ифротгароӣ дошта ва интиқоли онҳо ба кишварҳои мусалмонӣ ва аз тариқи онҳо ба вуҷуд овардани низоъҳои динӣ-сиёсӣ дар ин кишварҳо замина фароҳам оварданӣ мешаванд. Чунки ба вуҷуд овардани вазъи ихтилофноки динӣ-сиёсӣ истифода кардан аз эътиқоди динии мардум роҳи аз ҳама осонтар ва ба матлаб наздиктар аст ва таърихан усули санҷидашуда низ мебошад. Сиёсисозии дин ҳамеша ҳамчун омили афрӯхтани низоъҳои динию мазҳабӣ, этникӣ-миллӣ ва бархурдҳои сиёсӣ хизмат карда ва монеа дар роҳи таҳкиму рушди давлати миллӣ ва умуман ваҳдати мусулмонон будааст. Ҳизбу ҳаракатҳо аз тариқи сиёсисозии ислом кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳокимияти сиёсиро ғасб намуда иродаи худро ба амал бароранд. Вобаста ба он, ки кадоме аз ин ҳизбу ҳаракатҳо имконияти ба сари қудрат омадан доранд, давлатҳои абарқудрат ин ҳизбу ҳаракатҳоро пуштибонӣ карда, тавассути онҳо нақшаҳои геополитикии худро дар ин ё он минтақа амалӣ месозанд. Дар чунин шароит сиёсисозии дин ва дар ин замина барангехтани низоъҳои динӣ-сиёсӣ барои давлати миллии рушдкунанда хеле хатарзо мебошад.

Аз ин рӯ дар давлатҳои миллии рушдкунанда маҳз муносибати фарҳангӣ-арзишӣ ба дин яке аз омилҳои муҳими суботу амнияти ҷомеа буда, чунин тарзи муносибат ба дин ба рушди давлати миллӣ ва баланд бардоштани ҳаёти иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд. Дар ин самт давлати дунявии Тоҷикистон низ тӯли биступанҷ соли истиқлолияти худ як қатор чораҳои мушаххаси ҳуқуқӣ андешид. Қабули қонунҳо “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” аз ҷумлаи онҳо ба шумор меравад. Риояи қонунҳои мазкур барои рафъи хурофоту ифротгароии динӣ, танзими анъанаву маросимҳо, пурзӯр кардани назорати иҷтимоӣ ва дигар нақшу вазифаҳои волидайн ва калонсолон ҷиҳати дар руҳияи хушахлоқӣ, ватанпарварӣ ва инсондӯстӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавонон, инчунин решакан кардани падидаҳои номатлуби хусусияти хатарноки диниву сиёсидошта мусоидат менамояд. Чуноне ки ҳамаи мову шумо шоҳид ҳастем низои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 90-уми садаи ХХ бунёди ақидатӣ дошт. Маҳз бо “шарофати” ҲНИ амну суботу ҷомеа хароб гардида, истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро зери хатар гузошта шуд. Ин гурӯҳ тавассути сӯистифодаи шиорҳои динӣ дар байни мардум тафриқа андохта бародарро бо бародар, хоҳарро бо хоҳар душман сохт. ҲНИ бо пуштибонии дӯстони хориҷиаш кӯшиш ба харҷ дод, ки исломи суннатӣ (ҳанафия)-ро дар кишвар ба исломи бунёдгароӣ табдил диҳад ва тамоми масоили ҷамъиятию сиёсиро на дар асоси ақидаи исломи ҳанафӣ, балки тибқи талаботи исломи бунёдгароии сиёсикунонидашуда ҳаллу фасл намояд. Дар давраи истиқлолияти миллӣ-давлатӣ бо сабаби мавқеи зиддимиллӣ ишғол кардани ҲНИ дар ҳаёти сиёсию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон низои динӣ-сиёсӣ на танҳо дар байни ақидаи исломию дунявӣ (коммунистӣ), балки инчунин дар байни ақидаи исломи бунёдгарои аз хориҷ таҳмилшуда ва исломи суннатӣ (ҳанафия) ба вуҷуд омад.

Дар асоси принсипҳои ҷомеаи демократӣ ва озодии виҷдон муайян кардани муносибати давлат ба дин фаҳмиши дурустро дар масъалаи табодули тарафайни давлату дин ташаккул дод. Маҳаки чунин фаҳмишро чунин ғоя ташкил медиҳад, ки ҷудоии дин аз давлат маънои ҷудоии мутлақро надошта, танҳо маънои ҷудоии дин аз сиёсат, яъне аз дастгоҳу мақомоти давлатиро дорад, то ки ягон гурӯҳ натавонад аз тариқи дастгоҳҳои давлатӣ, дин ва эътиқоди мардумро барои мақсадҳои муғризонаи худ ва вайрон кардани амну суботи ҷомеа истифода барад. Вале “идеологҳо”-и ҲНИ дунявиятро ҳамчун яке аз принсипҳои ҷомеаи демократӣ инкор намуда, онро ба мардум ба таври дигар фаҳмонидан мехостанд ва дар баромаду мақолаҳои худ, ки дар рӯзномаҳои давриашон ба нашр мерасид дунявиятро чунон шарҳ медоданд, ки гӯё он бо дин комилан мухолиф ва оштинопазир буда, лиҳозо маънои бединиро дошта бошад. Ҳол он ки дунявият ҳамчун принсип дар ягон ҳолат озодиии диниро маҳдуд наменамояд ва ягон идеологияро ба ҳайси идеологияи расмӣ қабул надорад.

 

Носиров, сармутахассиси шуъбаи маориф

Ҳеҷ овозе нест