СУХАНҲОИ ПУКИ МУҲАММАДИҚБОЛ БА МИСЛИ ХУДАШ

mqdefault.jpg

Мақолаи Муҳаммадиқболи Садриддин таҳти унвони «Боз ба “интихобот” меравӣ» сар то по дурӯғ, мисолҳои овардашуда пуч ва беасос. Масалан, дар мақола лаҳзаи афсонаи нависандаи даниягӣ Ҳанс Кристиан Андерсен, ки аз ривоятҳои қадимаи асри 14 сарчашма гирифтааст, якчанд маротиба мисли тӯтӣ такрор намудааст. Муаллифи мақола афсонаро дуруст нахондааст ё дуруст дарк карда натавонистааст ва гапҳои ростро ба мазмуни дигар ё бо фаҳмиши худ (ба нуқтаи назари танг) фаҳмидааст. Оварда шудааст, ки мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба сарат ҳар рӯз чун борон мерезанд. Ба назар менамояд, чунин шабакаҳое ки нисбати падари миллат суханҳои дурӯғ бофтаанд, махлуқони ба монанди муаллифи мақола Муҳаммадиқболи Садриддин ва тарафдорони ӯ ташкил намудаанд. Нисбати ин ҳодисот мақолаи халқӣ ба хотирам расид: ба рӯи як сатил шири сафед як қатра сиёҳӣ чаконем, шир сиёҳ мешавад, гарчанде ки мо нағз медонем, шир сафед аст.

Муҳаммадиқболи Садриддин ва тарафдорони ӯ ҳам баъзе чизҳоро бо фаҳмиши худ дарк намуда, ба фаъолияти бе доғи 29-солаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёҳие чаконданд. Вале мардуми халқи тоҷик акнун ба дурӯғу иғвогариву каззобиҳои душманони халқу давлати Тоҷикистистони соҳибистиқлол бовар намекунад. Имрӯз Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои маҳбубияти хоса миёни мардуми мамлакат аст ва шахсият, фаъолият, хидматҳо ва ҷойгоҳи Пешвои миллат барои мардум комилан рўшан аст. Мардум нақши ин шахсияти таърихиро дар сарнавишти миллату давлат хуб медонанд ва обрӯву эътибори абардмардӣ бузург, сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ ки аз ҷониби сиёсатмадорони ҷаҳон пазируфта шудааст.

Мо ба таърихи ҳаёти мардум ва вазъияти ҳамкориҳои амниятӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, фарҳангӣ, илмӣ назар андохта, пас метавон гуфт, ки ҳар як шаҳрванди кишварҳои мо чи гуна вазъият доштаанд ва имрўз онҳо шоҳиди воқеии ин таҳаввулоти таърихиро дарк карда истодаанд. Ин ҳама аз талошу заҳмат, ҳиммат, хидмат, сиёсати хирадмандона ва дастовардҳои дурбинонаи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Шумоён каззобон Муҳаммадиқболи Садриддин ва тарафдорони ӯ чӣ кори хайре барои халқи тоҷик кардаед дар ягон ҷое зикр ҳам карда наметавонед. Аз куҷо ин бадкориву бадбинии дар ҷисм ҷисми ин гурӯҳи хиёнатгарону, ватанфурӯшон ҷо шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон чун мунодии сулҳу ваҳдат ва бунёдкорӣ, халқу миллат ва ватанашро чун фарзандонаш аз дилу ҷон дӯст медорад. Баҳри беҳбудии некӯаҳволии халқ ва ободии Ватани азизаш ҷонашро фидо мекунад. Ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошад. Ин ҳама шоҳиди он, ки ӯро халқ дӯст медорад.

Лекин, чӣ кадаре монанди Муҳаммадиқболи Садриддин ва тарафдорони ӯ навишанд, мо, ҳамаи қишрҳои ҷомеа: зиёиён. коргарон, деҳқонон, яъне аз 18 то 80 сола дӯстдори фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошем. Халқ ӯро дар рӯзи интихоботи навбатӣ аз сари нав сарвари худ интихоб менамояд. Дар ҳақиқат, ӯ ба ин вазифаи олӣ арзанда аст. Ин дӯстдорӣ бесабаб нест. Зеро сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, пояндагии миллат, истиқлоли Ватани азизамон ва ин пешрафту ободиҳо ҳама ба номи азизи вай сахт марбут аст.

Атоева М, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест