ҚАЛЛОБИҲОИ МУҲАММАДИҚБОЛ Ё ЧИ ГУНА КИТОБФУРӮШ МИЛЛИОНЕР ШУДААСТ

 

Муҳаммадиқболи Садриддинро мардуми кишварамон ҳамчун “Пири салафиҳои минтақа”, “Саркардаи салафиҳои хориҷӣ” ва “Марбути доираҳои салафимадори кишварҳои нимҷазираи араб” меноманд ва мешиносанд. Ӯ то мамнӯъ гаштани ин равия дар Тоҷикистон дар чандин китобҳои мамнуъи салафӣ ҳамчун тарҷумону таҳиягар номнавис шудааст. Нусхаҳои китоби ӯ чандин ҳазор адад бошад, ҳам бо пули нақд ҳеҷгоҳ соҳиби ширкати сайёҳию ширкатҳою бунёдҳо шуда наметавонад. Хонандаи муҳтарам, бо ҷавобҳои Муҳаммадиқбол дар зер Шумо дарк хоҳед кард, ки ӯ чи гуна ва то чи андоза метавонад худро дар назди қонун пок созад? Ҳаргиз не!

Санаи 15-уми октябри ҳамин сол Додситонии кулли Тоҷикистон блогери сомонаи "Ислоҳ.тв"- Муҳаммадиқболи Садриддинро ба "қаллобӣ" муттаҳам карда гуфт, ки ӯ 430 ҳазор доллари се шаҳрванди Тоҷикистонро гирифтаву барнагардондааст. Садуридинов М.Қ. моҳи майи соли 2010 дар шаҳри Дубай… аз шаҳрвандон Кабутов Н.Б. 130 000 доллар, аз Холов С.И. 120 000 доллар ва аз Қаюмов Н.Ш. 180 000 доллар (ҷамъан 430 ҳазор доллар) гирифта, ваъда медиҳад, дар баробари маблағи аз онҳо гирифтааш, ҳар моҳ аз 10 то 12% фоида хоҳад дод. Садуридинов М.Қ. ду моҳи аввал… 5-6%-и маблағи пулиро ҳамчун даромади бадастомада бармегардонад ва баъди ду моҳ ба Кабутов Н.Б., Холов С.И. ва Қаюмов Н.Ш. дар бораи муфлис шудани тиҷорати худ хабари бардурӯғ дода, моҳи ноябри соли 2010 аз шаҳри Дубай ба шаҳри Бишкек ва аз он ҷо ба макони қарордошти имрӯзааш Аврупо фирор мекунад.

Муҳаммадиқболи Садриддин рӯзи 16-уми октябр дар посухи видеоӣ даъвои Додситонии кулро "беасос" номида мегуяд, ки на ӯ, балки дигарон пулашро гирифтаву пас надодаанд.

Ба Муҳаммадиқболи Садриддин суол карданд, ки ин қадар дороиро аз куҷо дастрас намудааст, ӯ дар ҷавоб мегӯяд: "Дар Дубай ширкати сайёҳӣ доштам ва ҳар моҳ то 100 ҳазор доллар ва гоҳе аз он бештар сармоя дошт. Дар Тоҷикистон ширкати “Кавсар ЛТД” доштам, ки ба харид ва фурӯши техникаи компютерӣ машғул буд. Бунёди ҷамъиятии “Васатият” доштам ва беш аз 1 миллиону панҷсад ҳазор нусха китоб нашр ва беш аз 118 китоб тарҷума ва таълиф кардам. Дар Бишкек аз соли 2013 се ширкат доштам. Яке “КАФРИК” буд, ки ба тиҷорат ва истихроҷи оби тоза аз зери замин (скваж) машғул буд."

Т.Вадудов, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест