КАБИРӢ БО ШИШАИ ПИВО ДАР БАНКЕТ

 

Додоҷони Атовулло, рузноманигори ба ҳама маълум ин дафъа ба гуфти худаш бомбаи дуюмини худро бар зидди Муҳиддин Кабирӣ-роҳбари мухолифин, роҳбари хоинони миллат, роҳбари ТЭТ ҲНИ партофтааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аллакай мақола дарҷ гардидаасту шумораи хонандагонаш низ зиёд гардидаанд. Дар мақолаи мазкур Додоҷон аз макру найрангҳои Муҳиддин Кабирӣ, ки ҳатто ба хоҷагони Эрониаш кардааст, ёдовар шудааст. Маълум мегардад, ки ин роҳбари хоинон ҳатто ба хоҷагони худашон низ хиёнат мекардааст.

Як-ду ҳафта пеш журналисти тоҷики муқими Аврупо Додоҷон Атовуллоев дар саҳифаи фейсбукии худ сабти овозеро гузошт, ки аз суҳбати маҳрамонаи Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ ва ПМТ бо як бону буд. Ин навор миёни ҷомеаи тоҷик вокунишҳои зиёдеро ба бор овард. Махсусан дар доираҳои журналистӣ пахш шудани ин навор аз ҷониби як рӯзноманигор, ки меъёрҳои ахлоқии журналистӣ ба он иҷозат намедиҳад, ба хубӣ пазируфта нашуд. Ин амали Додоҷон Атовуллоро бисёре аз журналистони тоҷик хуб қабул накарданд ва сару садоҳои бисёре ҳам шуд. Ин ҷониб низ ба пахш шудани чунин наворҳо чандин хушбин нестам. Аз ҳамин хотир сари ин мавзуъ чизе нанавиштам ва қасди китобати ҳеҷ матлаберо ҳам надоштам. Чун бо гумони банда ин баҳсҳову чеҳрасиёҳкуниҳо чандин сол боз бо шаклҳои гуногун миёни Додоҷон Атовуллоев ва Муҳиддин Кабирӣ бо шаклҳои гуногун идома дорад ва дахолат кардан ба он чандин салоҳкорӣ нест. Аммо бовуҷуди ин, вақте гап сари нафаре меравад, ки чеҳраи сиёсӣ асту пуштибону пайравони худро ҳудуди 40-50 ҳазор нафар муаррифӣ мекунад, вазифаи имониву виҷдонӣ ва касбии мост, ки бояд мулоҳизаҳои худро дошта бошем...

 

Бо гузашти чанд рӯз Муҳиддин Кабирӣ ба ин мавод вокуниш нишон дод ва гуфт, ки ин мавод ҳанӯз 7 сол пеш сабт шудаасту ба муборизаҳои охири ӯ ҳеҷ дахле надорад. Ба гуфтаи Кабирӣ ҳанӯз 7 сол муқаддам ин сабти аудиоӣ дар дасти ӯ буд ва ӯ ҳамон замон барои хатоҳояш назди Офаридгор пузиш хоста буд. Чуноне ки Додоҷон Атовуллоев дар саҳифаи фейсбукии хеш навиштааст: “Роҳбари наҳзатиён гуфт, “Мо ҳам малак нестем, фаришта нестем, иштибоҳҳое дар зиндагии шахсӣ, сиёсӣ ва тиҷорат дорем, Худо моро бубахшад” ва аз хонаводаи худ, ҳамҳизбону пайравонаш узр пурсид ва илова кард, ки чунин наворҳо пеши муборизаи ӯро нахоҳанд гирифт ва ӯ муборизаашро давом хоҳад дод.” Муҳиддин Кабирӣ дар идомаи вокуниши хеш мегӯяд, ки ин ҳаёти шахсии ман аст ва ман низ мисоли соири инсонҳо аз хатову маъсиятҳо орӣ нестам. Хуб, мо бовар мекунем, ки Кабирӣ мисли ҳама афрод аз хатову маъсият орӣ нест. Вале чаро мо ин масъаларо дар ВАО мехоҳем ба риштаи таҳлил бикашем ва аз паҳлуҳои гуногуни ин масъала бигӯем? Аввалан Кабирӣ аз мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон аст. Дуввум ӯ даъвои роҳбарии ду ташкилоти сиёсиро дорад, ки (ба гуфти худаш) ҷонибдорони зиёде дар Олмону дигар мамолики аврупоӣ дорад. Саввум ӯ нафарест, ки барномаҳои сиёсии худро мехоҳад дар пасманзари дин пиёда созад ва муҳимтарин нуктае, ки барои навиштани ин матлаб моро такон дод, ҳамин аст. Хуб, агар дар ин навор Муҳиддин Кабирӣ неву дилхоҳ сиёсатмадор ё роҳбарони азҳоби мухолифи дигар мешуд, дар ҷомеаи тоҷик шояд чандон вокунишҳои зиёдеро ба бор намеовард. Чун дилхоҳ сиёсатмадори тоҷик ҳар барномаву ҳадафҳое, ки дорад, аз рӯи принсипҳои сотсиалистӣ, коммунистӣ, демократӣ, мардумсолорӣ ва дигар арзишҳо мехоҳад, пиёда кунад. Ва меҳвари барномаҳои эшон низ ҳамин аст. Аммо вақте Муҳиддин Кабирӣ аз хурдтарин тасмими худ гап мекушояд, онро дар назди ҷомеа бо тарозуи дин баркашидан мехоҳад ва қавонини ҳизби ӯ гӯиё саросар дину ахлоқ аст.

 

Маҷидзода А, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест