МУҲАММАДИҚБОЛИ ИҒВОГАР

Яке аз хоинони миллати тоҷики ба ҳамагон маълум - Муҳаммадиқболи Садриддин дар сомонаҳои иҷтимоӣ  ва канали видеоии “Ислоҳ.нет” роликҳои беасосу суҳбатҳои бемазмунро паҳн карда истодаанд, ки аз ватанфурушу хоин будани онҳо гувоҳӣ медиҳад. Аз тамошои навор ва мазмуни мақолаҳои ба нашр расонидаи Муҳаммадиқбол ҳар як фарди солимфикри миллати тоҷик шарм мекунад. Имруз Муҳаммадиқболи Садриддин ва Муҳиддин Кабирӣ шахсоне, мебошанд, ки онҳоро метавон бо як миқдор маблағи ночиз дар Аврупо харидорӣ кард ва чӣ тавре, ки хоҳи истифода бурд. Онҳо аз тарафи сохторҳои махсуси кишвари алоҳидаи бо мо «дӯст», харидорӣ ва мисли занҳои сабукпо, дар шабакаҳои иҷтимоӣ истифода бурда шуда истодаанд.

Дар наворҳо М.Садриддин низ мисли роҳбари худ Кабирӣ гоҳ бо хашми зиёди аблаҳона гуфтугӯ карда, худро дилсузи мардум вонамуд менамояд.

Сомонаи «Ислоҳ.нет», ки мақсади асосиаш ҷавонону наврасони гумроҳ ва шахсони ноогоҳро ба пуррагӣ ба худ ҷалб намуда, ҳангоми ба дом афтодани ин тоифа, мисли Кабирӣ аз онҳо фирор карда, дурӣ меҷуяд, Муҳаммадиқболи Садриддин.

Аз ин сабаб ҷавонони гумроҳ бояд бидонанд, ки онҳо мисли нафарони дигар, ки солҳои қабли дар гирди ташкилоти терорристӣ-экстремистии «ҲНИ» ҷамъ буданду айни замон паси панҷара ҳастанд, навбат акнун ба «Ислоҳ.нет» ва М.Садриддин расидааст.

Бояд ҷавонон ва ашхоси ноогоҳ донад, ки имруз собиқ аъзоён ва пайравони ТЭТ «ҲНИ» аз кирдорҳои аблаҳонаю разилонаи содиркардаи худ пушаймон ҳастанд ва нисбати роҳбари ин ташкилот М.Кабирӣ, нафрат доранд.

Дигар мардуми бонанагу ор ва бофарҳангу таммадунофари тоҷик ба ҳилаву найранг ва иғвоҳои Муҳаммадиқболи Садриддин дода нашуда, хушёриву зиракии сиёсиро бояд аз даст надиҳанд.

 

Лутфуллои Мирализода, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест