ХИЛОФКОРИҲОИ РАДИОИ ОЗОДӢ

 

 

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон соли гузашта бо таври расмӣ Радиои Озодиро ба инъикоси нодурусти воқеиятҳо дар Тоҷикистон муттаҳам карда ва эълон намуда буд, ки маводҳои интишории "Радиои Озодӣ" ба ҷои нишон додани воқеияти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ба хонандагону шунавандагон хабарҳои аз ҳақиқат дур ё беасосро пешниҳод менамояд.

Вазорат иддао карда буд, ки "Радиои Озодӣ" фазои иттилоотиро моҳирона ба манфиати худ истифода бурда, хилофи меъёрҳои ҳуқуқии дохилӣ, байналмилалӣ ва этикаи рӯзноманигорӣ дар қаламрави Тоҷикистон амал карда истодааст.

“Дар ин хусус фаъолияти "Радиои Аврупои Озод" муқобили моддаи II-и Низомномаи "Радиои Озодӣ" буда, бино ба моддаи мазкур "Радиои Озодӣ" уҳдадор аст, ки иттилоотро дар асоси далелҳои муътамад паҳн намуда, дастрасӣ ба хабарҳои воқеиро таъмин намояд, ба таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни одамон мусоидат намояд”, - гута шудааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Тоҷикистон. Инчунин, “Радио Озодӣ”-ро ба таблиғи идеологияи ифротӣ ва зиддимиллии роҳбарон ва фаъолони ТТЭ ҲНИ ва "Гурӯҳи 24"-ро айбдор намуда, таъкид намудааст, ки маводди он ба таври рӯйпӯшона манфиатҳои созмонҳоеро, ки бо қарори Суди Олии Тоҷикистон ташкилоти ифротӣ ва террористӣ эълон гардиданд, ҳимоят мекунад. Аз ҷумла, кормандони "Радиои Озодӣ", ки сабти ном нагардидаанд, ҳаққи идомаи фаъолияти рӯзноманигорӣ дар нашрияҳои иттилоотии дигар дар Тоҷикистонро доранд.

 

А. Хидиров, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест