ХОИНРО БОЯД ШИНОХТ

Дар айни замон бояд ёдрас шуд, ки сарфи назар аз он дастовардҳое, ки мардуми Тоҷикистон дар самти озодии виҷдон ва эҳёи арзишҳои динӣ дар замони истиқлолият ба даст овардаанд, баъзан душманони ғоявии мо барои афрӯхтани низоъҳои сиёсию динӣ кӯшиш менамоянд бе ягон асосу далел сиёсати давлати дунявии моро нисбат ба дин нодуруст баҳогузорӣ намоянд. Вале дар асл зери шиори озодии эътиқоди динӣ ин душманони ғоявии мо кӯшиши озодона паҳн кардани ҳар гуна ақидаҳои ифротии диниро, ба мисли ақидаҳои салафигароӣ, ҳизбуттаҳрирӣ, ихвонӣ, ансоруллоҳӣ ва ғайра мефаҳманд, ки ба вайрон кардани назму субот ва амнияти ҷомеаи мо нигаронида шудаанд

Чуноне ки аз иқрори пайравони ин гурӯҳ бармеояд ҲНИ соли 1973 дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфта буд ва аз ҷониби Fарб ва ИМА пинҳонкорона бо мақсади аз дохил вайрон кардани низоми шӯравӣ таъсис ёфта буд. Неруҳои беруна ҳизби мазкурро ҳамчун василаи вайрон намудани Иттиҳоди Шӯравӣ то андозае истифода намудаанд ва имрӯз низ дар амалисозии нақшаи геостратегии қувваҳои манфиатҷӯи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ метавонад нақши бориз дошта бошад. Ба ин робитаи хеле наздики ҲНИ бо созмону ташкилотҳои “байналмилалӣ” шаҳодат медиҳад. Далели ихтилоф доштани ҲНИ ба низоми давлатдории миллӣ ин аст, ки оинномаи ҳизби мазкур на дар асоси андешаи миллӣ, балки дар асоси ақидаи динӣ таъсис ёфтааст ва танҳо дар партави андешаи сиёсии исломӣ фаъолият мекунад. Яъне оинномаи ҲНИ дар асоси ақидаҳои фундаменталистӣ эҷод гардида, манфиатҳои миллӣ дар мадди дуюм қарор доранд. Дар чунин ҳолат ҳокимияти теократӣ ба вуҷуд омада ҳуқуқи пайравони дину мазҳабҳои дигар поймол мегардад ва таҳаммулпазирии динӣ дар ин ҷомеаҳо аз байн меравад.

Айни замон моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва вазифаи ҳар як фарди ватанпараст, миллатдӯст ва мусалмон, алалхусус ҷавонон, ки неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд, аз он иборат аст, ки фирефтаи макрҳои сиёсиву идеологии он гурӯҳҳои манфиатҷӯ, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, нашаванд ва аз гароиш ба онҳо худдорӣ намоянд. Зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафар шахсони бегуноҳи дигар мегарданд. Ҳар як сокини мамлакат бояд барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Фақат дар фазои амну субот, якдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирии динӣ, садоқату вафодорӣ ба давлати озоду соҳибистиқлоли миллӣ имконияти ба дастоварҳои назаррас ноил гаштан вуҷуд дорад. Фақат бо чунин услуби давлатдорӣ мо метавонем кишвари азизи худро ба яке аз давлатҳои мутамаддин ва муттарақии ҷаҳон мубаддал созем

 

А.Ҳақназаров, сармутахассиси шуъбаи маориф

Ҳеҷ овозе нест