ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ФАРХОР МУҲТАРАМ РАҲМАТЗОДА РУСТАМ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

69225391_2930365613700272_8988655574526722048_n_0.jpg

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор Шумо ва тамоми мардуми шарафманди кишварамонро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамояд.

Дар санаи ҳамин рӯз, яъне 16-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлати тоҷикон таъин гардид. Иҷлосияи мазкур барои мардуми тоҷик иҷлосияи тақдирсозу наҷотбахш буд. Зеро он миллати тоҷикро аз оташи ҷанги бародаркуш наҷот бахшид.  Тақдири истиқлолияти давлатии кишварамонро ҳаллу фасл намуд ва барои пойдории истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ заминаи мустаҳкам гузошт. Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сари кор овард. Ба Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва зарфияти ҳуқуқию сиёсии ниҳоди президентиро истифода намуда, дар давраҳои басо сангини ба сари миллат омада, тамоми кӯшишу қувваҳои худро сарфа намуд, то ки ҳаёти осоиштаи миллатамон беҳтар гардад.

 Хомӯши ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани тамоми гурезаҳо ба ватан, тинҷию сулҳу субот дар кишвар ва дигар мушкилиҳои мардуми мамлакатамон дар давраҳои аввали роҳбарияш, ки бо ҷонбозиҳо рӯйи кор омада буд, ба Президенти кишварамон муяссар гардид, ки тамоми монеаву қуллаҳои баландро фатҳ намояд ва таъмини бехатарию амниятро дар ҳар гӯшаву канори мамлакат барқарор созад.

Дастовардҳои дигари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ин давра аллакай ба тамоми мардуми тоҷик равшан аст ва ҳатто дар арсаи сиёсии ҷаҳон маълуму машҳур гаштааст. Рӯз то рӯз ва сол то сол роҳбари давлати мо дар байни роҳбарони дигар давлатҳои абарқудрат соҳиби обрӯю эътибори баланд гашта истодааст. Таҷрибаи роҳбарии давлати Президенти мо нисбат ба дигар дигар роҳбарон хело зиёд аст. Аз ин рӯ сиёсати хориҷии кишвари мо ба ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ нигаронида шудааст. Чуночи, маҳз бо пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи умумии СММ соли 2003ро «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005–2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013-ро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва солҳои 2018-2028-ро “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди усувор” эълон намудаанд.

Ҳамватанони иззатманд, Шуморо бо умеди он ки Тоҷикистони азизи мо таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушду тараққиёт ҳамеша собитқадам бимонад, Рӯзи Президентро бори дигар ба ҳамаи шумо муборакбод мегӯям!

 

Бо камоли эҳтиром, раиси ноҳияи Фархор,

Раҳматзода Р.М.

Ҳеҷ овозе нест