КАРАШМАҲОИ АХБОР-КОМ

 

Мирзои Салимпур – сардабири сомонаи Ахбор-ком дар арафаи солгарди чоруми таъсиси сомонааш тасмим гирифт, ки фаъолияташро қатъ намояд. Салимпур қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистонро, ки аз 15 феврали соли 2020 матраҳ шуда буд, беасос шуморидааст. Азбаски ин сомонаро ба рӯйхати сомонаҳои мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистон ворид намудаанд, гӯё дар фаъолияти сомона мушкилотҳои зиёди ҳуқуқиро ба бор овард. Яъне хабарнигорону ҳамкоронашон наметавонанд озодона маводу гузориш фиристанд.

Мирзои Салимпур ин фармони аз тарафи Додгоҳи олӣ баровардашударо хандаовар шуморида, бар он ақида аст, ки хонандагону тарафдорони матлабҳои Ахбор-ком низ ба ҷавобгарӣ кашида мешудаанд.

Салимпур худро дар байни ВАО ва хонандагони виртуалиаш чунон бо нозу карашма нишон медиҳад, ки гӯё ӯ ва матлабҳои ивғоангезаш ҳақиқатталаб аст. инчунин ӯ мавзӯъҳояшро фақат барои ислоҳи ҷомеф ва расонидани ахбори дурусту алтернативӣ мешуморад. Салимпур мутмаъин ба он аст, ки дар оянда бо андак ислоҳи вазъ ва барқарор шудани ҳукми қонун дар Тоҷикистон сомонаи Ахбор-ком имконияти фаъолияташро аз сари нав пайдо хоҳад кард.

Мақсади Салимпур дар онаст, ки ӯ мехоҳад сомонаи наве, ки нақшааш аллакай дар даст дорад, ташкил намояд. Ин саҳифаи наваш ба гуфти худаш мустақил, беғараз ва бетараф хоҳад шуд. Салимпур ифтихор аз он дорад, ки до ин дам матлабҳои сомонааш дар байни хонандагон маҳбубият пайдо кардааст.  

Аммо ӯ намедонад, ки аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ то ин дам ҳама матлабҳояш зидди давлату ҳукумат буд.  Ӯ то ҳол намедонад, ки ҳақиқатро завол нест. Агар ӯ бо ҳақиқату дилу дасти покаш кор мекард, ба мисли ахборкомаш, ки ноком гардидааст, касе ё қонуне ба кори ӯ мамоният намешуд. Чунки бо ин ахборҳои баҳсбарангезаҳш баракати кораш низ паридааст. Агар ӯ сомонаи нав ҳам таъсис диҳад, инаш ҳам ба мисли пешинааш аз як палак ва як бӯй дорад-бӯйи фитнаву иғво.

 

Тоҷиддин Вадудов, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест