МУҲАММАДИҚБОЛ БУҚАЛАМУН АСТ

mqdefault_1.jpg

Муҳаммадиқболи Садриддин – масъули Ислоҳ-нет. Ношахсияте, ки 5-6 соли охир баъд аз мамнӯъ гаштани ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ин сомонаашро фаъол намудааст. Ҳамаи ахбору матлабҳое, ки дар Ислоҳ-нет пахш мекунад, ҳамааш қариб сохтаву бофта аст ва боқимондааш ба қавли мардум занакхабар аст. Яъне хабарҳое, ки дар байни мардум он қадар муҳиму машҳур ҳам нест, аммо М.Садриддин чи қадар муҳоботу илова карда бо дастакзаниву овозҳои дағалонаашу лаҳҷаҳои ирониаш дар сомонааш нашр мекунад.

Сабаби ин қадар фаъолияташ дар чист? Вақте дар яке аз нашрҳояш ки соли 2019 дар арафаи Иди Истиқлолият пахш гардида буд, ӯ ба ҷойи он ки мардуми тоҷикро бахшида ба Иди истиқлолияти давлаӣ табрик намояд, аммо ӯ баръакс, дар ин мавзӯъ сухане нагуфта танҳо мардумро барои таҷлили рӯзи Ошуро даъват менамояд ва бо чи тарзу усул ибодаташро низ дастур медиҳад. М.Садриддин вақте равияи салафиён фаъол буданд, рӯ ба онҳо карда буд. акнун, ки ин равия мамнӯъ асту дигар фаъолияти ошкоро надорад, акнун рӯ ба хоҷагоне кардааст, ки ба хотири муздаш лозим аст ба мазҳаби шиа ру овараду ин мавзуъро интишор диҳад.

Нақшаи мазҳаби шиа аз қадим дар таърих низ маълум аст, ки ҳатто дар давраи ҳукмронии давлати Сомониён, аниқтараш дар давраи амирии Аҳмад писари Исмоили Сомонӣ ин қувваҳои сиёҳпуш таъсирашонро ба ҳокимият низ расонида буданд. дар ҳамон давра аввалҳои асри Х мехостанд, ки давлати бузурги Сомониёнро аз байн баранду худашон сари ҳокимият биёянд. Аммо  нақшаи сиёҳи шиаён дер давом накарда, аз тарафи родмардону содиқони суннимазҳабони дарбори Сомониён аз сари ҳокимият нест гардиданд.

Акнун ҷавоб ба саволи худамон, ки чаро Муҳаммадиқболи Садриддин бо чунин фаъолияташ айбу гуноҳи миллаташро дар байни мардуми омма, дар ҷаҳон пахш менамояд? Оё шахси ватандӯст бояд чунин рафтор кунад? Оё дигар давлату миллат беайб аст? Ӯ дар нашрҳояш аз ҳадиси пайомбару оятҳои Қуръон ривоят мекунад, аммо худаш намедонад, ки ҳамаи мақсаду суханҳояш хилофи ҳадису оятҳост? Ӯ ягон зарра ҳуқуқ надорад, ки касеро тибқи шариат дузахӣ гуяд ё биҳиштӣ. Ӯ ҳамон исломистест, ки бо ниқоби ислом дар назди хоҷагонаш худро патриот нишон медиҳад. То ҳол касе аз мардуми оддӣ ба мақолаву нашрҳои Ислоҳ-нет  ба ӯ пайравӣ накардааст. Чун медонанд, ки дар ҳақиқат Муҳаммадиқболи Садриддин як мазҳабфурӯшу ватанфурӯш аст.

Вадуов Т, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест