“АХБОР-КОМ”-И МАМНӮЪ ПӮШИДА ШУД

 

Ҳанӯз аз моҳҳои аввали соли 2020 оиди мамнӯъ гардидани Ахбор-ком ва Наҳзат-ру дар ҳудуди Тоҷикистон қарору ҳалномаи Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада буд. Додгоҳи олии Тоҷикистон, сомонаи “Akhbor.com”-ро бо аризаи Юсуф Раҳмон, додситони кулли ҷумҳурӣ дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон карда буд . Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бастани сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ё “Ахбор.ком” («Akhbor.com») ва “наҳзат.ру” («nahzat.ru») дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манъи воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда буд. Ин аризаи мазкур бо мақсади таъмини ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, пешгирӣ кардани фаъолияти террористию экстремистӣ пешниҳод карда шудааст. Додгоҳи олии Тоҷикистон аризаи додситони кулро баррасӣ карда, бо ҳалнома аз 18 феврали соли 2020 қонеъ карда буд. Дар асоси ҳалномаи Суди Олӣ сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ё “Ахбор.ком” («Akhbor.com») ва «наҳзат.ру» («nahzat.ru»), ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистии “Ҳизби Наҳзати Ислом”, “Паймони миллии Тоҷикистон” ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ хизмат мекунанд, баста шуда, воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Ҳалномаи Суди Олӣ оиди мамнӯъи ин сомонаҳо  аз 19 марти соли 2020 эътибори қонунӣ пайдо кардааст.

Мирзои Салимпур, сардабири Ахбор баъди ин хабар изҳор дошта буд, ки ин қарор бидуни огоҳӣ ва даъвати намояндаи ин расона қабул гардида, нақзи озодии матбуот мебошад. Салимпур мегӯяд, ки расонааш тарҳи мустақили журналистӣ буда, ба касею гуруҳе хизмат намекунад ва танҳо пойбанди арзишҳои рӯзноманигорист. Ӯ ин тасмимро нақзи озодии матбуот хондааст.

Аз таърихи эътибори қонунӣ гирифтани ин қарор 9 моҳ гузашт. Акнун Салимпур нав тасмим гирифт, ки сомонаи иғвоангезашро маҳкам намояд. Ӯ нақша дорад, ки боз сомонаи наверо таъсис намояду ахборҳое, ки бештар бо тарафдории ТЭТ ҲНИ ва ПМТ-ро дорад дар он дарҷ намояд. Чи гунае, ки ҲНИТ ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ эълон шуда буд ва наҳзатиён бо роҳбари Муҳидин Кабирӣ Паймони миллии тоҷиконро ташкил намуд, Салимпур низ баъди Ахбор-ком саҳнаҳояшро дар дигар минбар намоиш медиҳад.

 

Алихон Хидиров, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест