ДЕҲАИ НАВБУНЁД ДАР ФАРХОР

DSC08218.JPG

DSC08230.JPG

DSC08255.JPG

Моҳи августи соли 2019 дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор ҳангоми фаромадани сел якчанд манзилҳои истиқоматӣ зарар дида буд.

Бо ташаббуси ғамхоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини хонаҳои нав ба зарардидагон дар яке аз минтақаҳои мутобиқ барои зисти аҳолӣ деҳае нав бунёд гардид, ки якчанд аҳолии ниёзманд тибқи қуракашӣ соҳиби манзилҳои нави истиқомати гардиданд.

 Имрӯз, санаи 23-11-2020 хонаҳои мазкур бо дастгирии фонди хайриявии давлати Қатари Аморати Муттаҳидаи Араб сохташуда ба истифода дода шуд. Деҳаи навбунёд иборат аз 25 хона буда, ҳар яки он аз 3 ҳуҷра ва ба системаи санузелӣ пайваст мебошад.

Аҳли фарҳангу маорифи ноҳия меҳмононро бо шодиву сурур пешвоз гирифта, барои дастгириашон минатдорӣ баён намуданд.

 

Аз дафтари матбуоти раис ноҳия

Ҳеҷ овозе нест