МУҲАМАДИҚБОЛИ ИҒВОГАР – ПАЙРАВИ КАБИРИСТ

Роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва масъули сомонаи ислоҳ.нет Муҳаммадиқболи Садриддин аз нафароне ҳастанд, ки бо бадахлоқии худ бо ҳар гуна шахсони ватанфурӯш ба монанди Мирзои Салимпур, Сайидюнуси Истаравшанӣ ва дигар пайравонашон муносибати иғвогароёна мекунад.

Новобаста аз он ки кишвари соҳибистиқлоди мо ба ҳамаи хиёнату разолату ҷинояти солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз хиёнатҳои ин гуруҳи террористӣ чашм пӯшида онро бахшид, онҳо бошад, боз дар пайи нооромии кишвари мо нақшаҳои пинҳони худро тарҳрезӣ менамоянд.

Ҳайати ҳизби терристиву экстремистии наҳзати исломӣ мехоҳанд, ки ба мафкураи ноҷо махсусан ҷавононро бо бозиҳои ноадолатона ва риёкорона таъсири манфӣ расонаид. Мароми ин ҳизб куштор, таҷовуз, дуздӣ ва ба хоку хун дигарбора оғушта намудани кишавари мо аст. Ба Карибӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин муроҷиат карда, изҳор медорем, ки мо имрӯз мардуми Тоҷикистон дасти ҳам гирифта барои боз ҳам шукфоии ин марз ҳиммат мебандем.

Хуллас ба ҳайати Кабирию пайравонаш ва ҳайати сомонаи ислоҳ.нет ҳам муроҷиат карда гуфтанием, ки бо ҳар гуна маводи иғвоангез, ки ба мағзҳои ҷавонон латма зада истодааед саргарм нашуда, ба бозёфтҳои нав ва маводи илмии асосноккардашуда бештар рӯ эҷодкорӣ намоед. Вақтҳои охир сомонаи ин радио бевоситаву бавосита аз фаъолияти ТТЭ ҲНИ матолиби тафриқаандозе омода ва пахшу паҳн менамоянд.

 

Ш. Назарзода - омӯзгор

 

 

Ҳеҷ овозе нест