РӮЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ МУБОРАК!

DSC08276.JPG

 

Имрӯз дар ноҳияи Фархор Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Раҳматзода Рустам Мирзо ва намояндаи раиси вилояти Хатлон – сардори Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон муҳтарам Гулаҳмадзода Давлатшо таҷлил карда шуд.

Дар конференсияи илмӣ-сиёсӣ бахшида ба ин рӯз роҳарон баромад карда, қайд намуданд, ки бо фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон аз 20-уми ноябри соли 2009 рўзи 24 ноябрро «Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон намуданд.

Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони қадим соҳиби парчам буданд ва дар адабиёти қадимаи миллат он бо номи дирафш ёд мешавад. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши ковиён» ном дошт. Хушбахтона, бо шарофияти истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардиданд.

Аз дафтари матбуоти раиси ноҳия

Ҳеҷ овозе нест