ПАЙМОНИ ХИЁНАТКОРОН

 

Барои боз ҳам беҳтар нигоҳ доштани бехатарии давлат ва аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб эмин доштани халқ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамешагӣ кӯшиш менамоянд.

Лекин дар ҳама давру замон нафароне ба назар мерасанд, ки мехоҳанд бо ҳар гуна амалҳои нопокихуд дар байни ҷомеа низоҳои сиёсиро барангезанд. Имрузҳо баъдаз ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умуми Истиқрори сулҳ ва ризояти милли, кишвари моро дар хориҷи мамлакат бисёр давлатҳо расман мешуносанд ва муносибаҳои дустию бародариро ба роҳ мондааст.

Вобаста ба масъалаи муҳим ва пурпечутоби сиёсӣ-иҷтимоӣ, ки солҳои охир таъсири манфии он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон назаррас аст, бетараф будани шаҳрвандон аз беэътиноии онҳо шаҳодат медиҳад. Имрӯзҳо ТЭТ ҲНИ, Муҳиддин Кабирӣ ва Паймони хоинонаи миллии Тоҷикистон шод аз он ҳастанд, ки дар Тоҷикистон вазъияти мураккаби иқтисодиву иҷтимоӣ қарор дорад. Онҳо чунин ҳолатро бохти давлати Тоҷикистон дониста, ба мардум изҳор медоранд, ки ғамхори халқи Тоҷикистон ин ҲНИ ва ПМТ аст. Ҳатто ин гуруҳҳои номатлуб, ки бо номи ПМТ ном дорад “Номае” иросл намудааст, ки дар он нисбати сиёсати идоракуни имрузаи давлати ақидаҳои ғалатро пешиҳод намудааст.

Ҳамин тариқ, бояд тазаккур дод, ки имрӯз ҳар яки мо новобаста аз нигоҳҳои сиёсӣ, этиқод ба ин ё он дин, инкишофи ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро, ки дар натиҷа сатҳи зиндагии мардум ба маротиб беҳтар хоҳад шуд, вазифаи муқаддаси худ донем, нагузорем, ки воқеаҳои солҳои аввали ба даст даровардани истиқлолияти давлатӣ такрор ёбанд. Аз ин лиҳоз, мо, мардуми кишвар аз ҳамин гуна ашхос ва гурӯҳҳои ғаразноку манфиатҷӯ худро канор гирифта, аз онҳо даъват ба амал меорем, ки барои манфиати худ шуда давлат ва миллати худро ба сӯи нотинҷиву нооромӣ ҳидоят накунанд.

Аҳли омӯзгорон

Миёна: 6 (1 vote)