ҲАММАСЛАКОНИ КАБИРӢ. ҚИСМИ 2

 

МАВҶУДА СОҲИБНАЗАРОВА. Рӯзноманигори камтаҷриба. Вай ҳамчун котиби матбуотии Зайд Саидов кор мекард. Вақте Зайд ҳабс шуд, ӯ бекор монд ва Кабирӣ ӯро ба Аврупо даъват кард. Аввал ӯ дар Лаҳистон баъдан дар Австрия ва Олмон мақоми гурезагиро ҷустуҷӯ карда, аммо дар ҳама ҷо хоҳиши ӯро рад карданд. Ба Голландия кӯчид. Ва дар он ҷо ҳам тамоми кӯшишҳояш бенатиҷа монду муввафақ нагардид.

«- Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ айбдоранд! – боре хашмгинона изҳор дошта буд писари Кабирӣ. - Агар дар Тоҷикистон алайҳи апаи Мавҷуда парвандаи ҷиноӣ боз мешуд, ӯ метавонист ба осонӣ мақоми гурезаро соҳиб шавад!».

Аммо худи Мавҷуда низ айбдор аст. Бояд тибқи нақшаи муқарраршуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд маводҳои танқидӣ нисбати мақомоти Тоҷикистон паҳн мекард. Вазорати корҳои дохилӣ ӯро ба рӯйхати пайгарди байналмилалӣ ворид менамуд. Он гоҳ дар кишварҳои Аврупо ҳеҷ мушкилие намешуд – бубинед барои ҳамин навиштаҷот маро таъқиб мекунанд, наҷот диҳед!

ҲУМАЙРО БАХТИЕР (МУМИНОВА). Вай инчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун хоҳар Ҳумайро маъруф аст - ҳамин тавр Кабирӣ ба вай муроҷиат мекунад. Ин дар ҳолест, ки дар Интернет дар бораи муносибатҳои пурасрори байни Муҳиддин ва Ҳумайро овозаҳо паҳн мешаванд. Журналисти заиф, аммо хушбахт ва муваффақтарин «диссидент»! Дар қиёс бо дигар «гурезаҳо», ки дар атрофи Кабирӣ ҷамъ омада буданд, Ҳумайроро лозим наомад, ки дар лагерҳои гурезаҳо зери таҳқир монад. Ва бо баъзе мӯъҷиза, вай аз Фонди Ҳамбург барои шахсони таъқибшудаи сиёсӣ стипендияи солона гирифт.

Вақте ӯ бори аввал ба Олмон омад, баъзе рӯзноманигорон ӯро дар рӯйхати рӯзноманигорони тоҷик, ки мақомот таъқиб карда буданд, ёдрас карданд. Ӯро ин сахт ба ташвиш овард - ӯ на ҳамеша мавриди таъқибот қарор мегирифт, балки барои таҳсил омада буд! Муаллифи нашрияҳо аз ӯ ба таври ошкоро бахшиш пурсиданд. Баъди аз як сол хоҳар Ҳумайро бо овози баланд изҳор мекунад ки: «Ман журналисти оппозитсионерам!».

Одамони ҳолдон ба ӯ лақаби «Тангемка» доданд. Дар хотир доред, микроавтобуси хурди чинии “Тангем”-ро, ки як вақтҳо кӯчаҳои Душанберо зер карда буданд? Дар соатҳои авҷи корӣ, дар ҳолати танбашавии роҳ ин мошинҳо бо роҳҳои гуногун аз он бо осонӣ мебаромаданд.

Ҳумайро мисли ҳамон “Тангем” аст. Агар касе Муҳиддин Кабириро танқид кунад, вай фавран ба ҳимояи ӯ бармехезад - вай чунин нест, вай хуб аст!

Албатта ӯ хуб аст! Хароҷоти Фонди зикршуда барои стипендияи ҳарсолаи Ҳумайро, ки бо мусоидати Кабирӣ пардохт шудааст, зиёда аз 50 ҳазор евроро ташкил медиҳад!

Чанде пеш Ҳумайро рӯйирост як муноқишаи байналмилалиро ба амал овард, овозаеро паҳн кард, ки падари ӯ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон даъват карда шуд, аз ӯ пурсидаанд, ки : "Духтари ӯ дар куҷост ва чаро ӯ таблиғгари Кабирӣ ва ҳизби ӯ шудааст?"

Тааҷҷубовар он аст, ки САҲА, Созмонҳои аврупоии журналистӣ ва лоббистҳои Кабирӣ дар як шаб дар шахси Ҳумайро симои “ситораи журналистикаи тоҷик”-ро сохта, ҳамаро ба шӯр оварданд, ки гӯё мақомот ӯро пайгирӣ мекарда бошад! Ва Бунёди Гамбург, ки барои беасос додани стипендия ба “ситораи нав” айбдор карда мешуд, бо ҳамин роҳ аз вазъияти ҳассос баромад.

Мавҷуда, Ҳумайро, тасвири рақами ҳафт Шабнам (дар бораи ӯ каме поёнтар) барои Муҳиддин Кабирӣ, ки дар Аврупо ниқоби исломиро бо демократия иваз кардааст, барои он даркоранд, то нишон диҳад, ки тавозуни гендериро дар сиёсати Иттиҳоди дурӯғгӯён риоя мекунад.

ШАБНАМ ХУДОЙДОДОВА. Мехоҳед бидонед, ки “ситораҳо” чӣ гуна тобнок мешаванд?Ана ба шумо мисол. Шабнам дар яке аз қаҳвахонаҳои Санкт-Петербург табақшӯ шуда, кор мекард ва орзуи ситора шуданро надошт.

Дар ин кор ба ӯ хадамоти махсуси Тоҷикистон, ки гӯё дар симои як табақшӯ шахси ба амнияти мамлакат таҳдидкунандаро дидаву ӯро тавассути рӯйхати байналмилалии Интерпол ҷустуҷӯ доранд, “кӯмак” карданд.

Даври ӯ расид! Ӯ тавассути Беларус кӯшиши ба Лаҳистон рафтанро кард, вале муддате дар он ҷо боздошт шуд. Дар бисёр расонаҳои аврупоӣ боздошти вай ба хабари асосӣ табдил ёфт ва хадамоти махсуси Беларус ӯро раҳо карданд.

Вай бо кӯмаки намояндаи созмони байналмилалии ҳуқуқи башар Human Rights Watch барои Осиёи Марказӣ Стив Свердлов ба Лаҳистон расида, на танҳо мақоми гурезаро гирифт, балки ҳамчунин ... Ҳомии ҳуқуқи инсон гардид! Бале, бале! Шабнам як муборизи ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ гардид! Зиндагӣ барор кард!

Дар Интернет аксҳои маҳрамонаи Шабнам ва Стив пайдо шуданд, ки ба онҳо назар кардан нафратовар аст.

Кадоме зане дар ФБ ҷуръат карда, ин аксҳоро масхара кардааст, ки ғазаби Шабнамро ба вуҷуд овард: "Ба шавҳари ман нарас, медаронамата!" Тарҷумаи тоҷикии он бо вожаҳои дуздон ба вожаи русии дуздон чунин маъно дорад: "Ба марди ман даст нарасон! Даҳонта медаронам! Чашмота мекобам! "(Филми"«Джентльмены удачи» -ро ба хотир овардед?)

Акнун имкон дошт, ҳам модар ва ҳам духтарашро аз ноҳияи Восеи Тоҷикистон ба Аврупо даъват кунад. Ва дар инҷо ҳам хадамоти махсуси тоҷик ба Шабнам бори дуюм “мусоидат” карданд, то ӯ ситораи боз ҳам тобнок гардад.

Ҳангоми парвоз ба Аврупо дар фурудгоҳи Душанбе модар ва духтари ӯро боздошт карданд, эҳтимол бо мақсади бехатарӣ – мабодо ин зани солхӯрда бо наберааш Тоҷикистонро тарк карда, ба ДОИШ напайвандад.

Давоми чанд рӯз дар тамоми сайтҳо, радио ва шабакаҳои телевизионӣ Кабирӣ ҳамоишро таҳти шиори «Озодии модар ва духтари Шабнам!» баргузор кард.

Шабнам ин ҳолатест, ки аз ҳар каси бемағз метавон ситора сохт.

 

Бознашр

Ҳеҷ овозе нест