ҲУҶУМҲОИ НАВБАТИИ ТОЛИБОН ДАР НАЗДИКИ МАРЗ

 

Нерӯҳои амниятии Афғонистон дар шабонарӯзи гузашта ҳадафи як қатор ҳамлаҳои гуруҳи тундрави Толибон қарор гирифтаанд, яке аз онҳо дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон рух додаст. Ҷангиёни гуруҳи мамнӯи Толибон дар ноҳияи Хоҷаи Ғори вилояти Тахор, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, низомиёнро ҳадафи ҳамла қарор додаанд.

Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи Афғонистон, нерӯҳои давлатӣ тавонистанд, ҳамлаи Толибонро пас гардонанд. Манбаъ афзуд, зимни даргирӣ ҳашт нафар толиб кушта шуда, ҳафт нафари дигар маҷруҳ гардидаанд. Таъкид шудааст, ки аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ танҳо як нафар маҷруҳ шудааст. Ба иттилои Вазорат, ҷангиёни толиб ҷасади ҳамроҳонашонро гирифта ба волусволии Дашти Арчӣ ақибнишинӣ кардаанд. Дар баробари ин Вазорати мудофиаи Русия аз 5 ҳамлаи дигари Толибон хабар додааст, ки аз сӯи нерӯҳои амниятӣ пас гардонда шудааст. Дар маҷмуъ таъкид шудааст, ки тайи як шабонарӯз ҳудуди 60 толиб кушта шуда, 42 нафари дигар маҷруҳ гардиданд.

Рӯзҳои гузашта дар Афғонистон боз як мақомдори дигар кушта шуда буд. Яке аз сухангӯёни давлати Афғонистон ахиран дар Кобул террор шуд

Вазорати кишвари Афғонистон эълом кард, ки худрави Зиё Вадон, сухангӯи Идораи ҳифозати умумии давлати Кобул ва ду тан аз ҳамкоронаш ахиран дар минтақаи Корти нав дар ҷануби шаҳри Кобул ҳадафи инфиҷори бомби магнитӣ қарор гирифт.

Манбаъ қайд карда аст, ки дар ин ҳодиса Зиё Вадон кушта шуда аст. Ториқ Ориян, сухангӯи вазорати кишвари Афғонистон гурӯҳи Толибонро масъули террорҳои ҳадафманд дар Афғонистон муаррифӣ карду гуфт, террористҳое, ки дар ҳаводиси мушобеҳ боздошт шудаанд ба сароҳат эътироф кардаанд, ки узви гурӯҳи Толибон ҳастанд.

Ҳарчанд Толибон дар баёнияҳое даст доштан дар террорҳои ҳадафманди ахир дар шаҳрҳои Афғонистон, аз ҷумла Кобулро рад карда ва онро маҳкум карданд, аммо давлати Афғонистон ва ниҳодҳои амниятӣ таъкид мекунанд, ки афроди боздошт шуда ва омилони ин террорҳо эътироф кардаанд, ки аз аъзои гурӯҳи Толибон ҳастанд.

Дирӯз низ як худрав дар ҷодаи фурӯдгоҳи Кобул ҳадафи инфиҷори бомбаи магнитӣ қарор гирифт, ки ин ҳодиса низ як кушта бар ҷо гузошт.

А.Хидиров, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест