АМАЛҲОИ БЕШАРАФОН

unnamed_1.jpg

Барои нигаҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи сокинони ҷумҳурӣ ва наслҳои оянда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек дар як замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик баръало эҳсос мешуд, давлатдориро ба ӯҳда гирифтанд ва дар як муддати кӯтоҳ шӯълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон намуданд.

Роҳбарону пайравони ТЭТ ҲНИ, ки худро “муборизи ислом” шуморида, дар солҳои ҷанг дар Тоҷикистон беш аз 150000 одамони бегуноҳро куштанд аз номи дини мубини ислом сухан намуда, ба куштору хунрезиҳо даст мезананд. Онҳо акнун боз ба сари мақсадҳои нопоки худ баргаштаанд ва мехоҳанд нақшаи аздастрафтаашонро амалӣ созанд

Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”-ро бо номи «Бешарафӣ» ҳамаи сокинони шарифи Тоҷикистон аз тариқи телевизион силсилаи навбатии тамошо намуданд, ки ин мустанад дар бораи яке аз саркардагони ТЭТ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад. Муҳаммадиқболи Садриддин бо сӯистифода аз оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои Паёмбар (с) ба боварии ҳамватанон, аз ҷумла шаҳрвандон Тоҷикистон Кабутов Неъматулло Бадруддинович, Холов Сиёвуш Имомқулович ва Қаюмов Носиҳиддин Шарифович даромада, аз онҳо маблағҳои нангуфти пулиро гирифта, дигар барнагардонидааст.

Муҳаммадиқболи Садриддин тавонистааст, ки аз таҷрибаи рӯзгор он баҳрае бардорад, ки барои манфиати шахсиаш ҳосили бебаркаш медиҳад. Исломро ӯ доми тазвир ҷиҳати роҳгум задани афроди эътиқотманд ва аз худ кардани моли ҳалоли онҳо кардааст. Аз ин роҳи пешгирифта барои ӯ фарқе надорад, ки тақдири он ашхос чи мешавад, фарзандони онҳо (фиребхӯрдагон) чи мехӯранд, дар кӯча мемонанд, ё ғарибу дарбадар, сарсону саргардон мешаванд, дар гуруснагӣ фарзандони ин мардум, танҳо шиками сери худро мебинанду дарёфти василаи ором кардани нафси носерашро. Ҳаққу ҳамсояҳо ва омӯзгорон дар бораи пуҳити тарбияёфтаи Муҳаммадиқбол дар ҳошияи ин филм сухан намуда, иброз доштанд, ки Муҳаммадиқболи Садриддин ва падараш дар муҳити хурофотӣ ва оилаи носолим басар мебурданд.

Филми мустанад парда аз рӯи аъмоли зишту нангине, ки забон аз гуфтани он оҷиз аст, бардошт. Аз ин лиҳоз, ба ҷавонони кишвар гуфтаниам, ки ба суханони чунин қаллобҳои ифротӣ, ки дар сомонаҳои интернетӣ нисбат ба модар-Ватан санги маломат мезананд, бовар накунанд. Алҳазар, аз чунин ҳизбу аз чунин бешарафон.

 

Сайдаҳтами Исмоилов, “Гулистон”

Ҳеҷ овозе нест