Оила мактаби тарбияи ҳамдигарӣ аст

Имрӯз ва ояндаи Тоҷикистон ба ҷавонон бастагии устувор дорад. Имрӯз бисёр мушоҳида мешавад, ки оилаҳои ҷавон бештар вайрон мешаванд. Албатта, сабабҳо гуногун буда метавонанд, аммо сабаби асосӣ бетаҷрибагӣ ва омода набудани ҷавонон барои масъулияти оиладорӣ аст. Барои ин лозим аст, ки падару модарон ва ҷомеа ба ин масъала бетараф набошанд. Миллати мо аз гузашта соҳиби анъанаҳои зиёде аст, ки барои устувории оила нигаронида шудаанд. Ин ҷо мехостем дар мавриди баъзе аз онҳо таваққуф намоем, ки метавонанд боиси устувории оила, ба роҳҳои нодуруст нарафтани ҷавонон гарданд. Мо медонем, ки вайроншавии оила ҳам барои мардон ва ҳам барои занон як зарбаи равонӣ буда, метавонад инсонро ба ноумедиҳо бубарад. Зан ва мард дар оила тарбиятгар, маслиҳатгари ҳамдигар ҳастанд. Вақте ки ҳамин маслиҳатгарӣ набошад, инсони ба тарбия ҳамеша ниёздошта метавонад гумроҳ гардад. Ҳодисаҳои солҳои пеш нишон доданд, ки нисбат ба занон мардон бештар ба ҷараёнҳои гуногуни террористию экстремистӣ пайваста буданд, ки боиси вайрон гардидани даҳҳо оила дар кишвар, боиси сӯхтани ҳаёти даҳҳо нафари дигар гашта буд. Моро имрӯз лозим аст, ки барои такрор нагардидани чунин ҳодисаҳои нанговару мудҳиш аз тамоми имконоти тарбияи ҷавонон истифода барем. Дар ин самт занон метавонанд нақши ҳалкунанда дошта бошанд. Вақте ки занон пайваста аз устувории оила, аз он ки марди хона чӣ масъулият дорад, бо шавҳари худ суҳбат намояд, як омили тарбияи ва масъулиятшиносии мардон хоҳад гардид. Ҳамин малакаҳои ба роҳи дуруст равонасозии мардон ба занон, модарони ҷавонон маҳз насли калонсол нишон медиҳанд. Мактаби тарбияи ҳамдигари мактаби анъанавии гузаштагони мо аст. Ҳамдигарро тарбият кунед, оилаҳои худро эҳтиёт намоед!

 

Сайдахмад Исмоилов, рӯзноманигор

Ҳеҷ овозе нест