БЕШАРАФ – ЛАҚАБИ МУҲАМАДИҚБОЛ

mqdefault_4.jpg

Ҳар кореро оғоз ва анҷом аст. Хусусан, ҳиллаву найрангҳои бешарафон. Аллакай чунин лақаб маълум шуд, ки сухан дар мавзӯъи чӣ ва кӣ меравад. Ин тоифа бо дастгирии моддиву маънавии хоҷагони хориҷиашон ҳар гуна созмону паймонҳо ташкил намуда, дар амалисозии ҳадафҳои хоҷагонашон саҳм мегузоранд. Ба ин гуна афрод метавон як нафар хоинро бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин шомил намуд, ки бо тамоми ҳастии пасту палидаш нисбати Тоҷикистону мардумаш нафрат дорад. Нисбати ҷиноятҳои ин шахс ва хиёнатҳои ӯ чандин маротиба матлабҳо ба нашр расидаву табиати аҳримании ӯ борҳо ифшо шудааст.

Айни замон чунин нотавонбинон одати худро тарк накарда, аз хориҷ сӯи Ватан сангандозӣ доранд. Аъмоли нопоки Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки бо сафсатагӯйиаш масхарабози рӯи ҷаҳон гардидааст. Пас аз тамошои филми мустанади «Бешарафӣ» ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки Муҳаммадиқбол ба ҷуз хиёнат ба миллату Ватан ва дини поки Ислом дигар ҳеҷ кор намекунад?! Филми ҳуҷҷатии омоданамуда зери унвони «БЕШАРАФИ» аз он шаҳодат медиҳад, ки одамизод агарчи махлуқи бошуур аст, вале вақте фирефтаи нафс шуд, чӣ корҳоеро ба сомон мерасонидааст! Рафтору кирдор ва пиндори хоинонаи марди наҳзатӣ Қаландар Садриддинов, ки дар чоҳи кандаи ӯ фарзандаш Муҳаммадиқбол афтидааст, басо нанговар буда, ба шаъни миллати фарҳангсолори тоҷик созгор нест! Чуноне аз гуфтаҳои шоҳидон бармеояд, падари М.Садриддин бо пули дуздӣ фарзанд ба воя расонидаасту писари 12-13 солаашро ба мулло Шарифи афғон бовар карда супоридааст. Вақте қумандон – Ғулом писари ӯ Муҳаммадиқболи 12-соларо маъқул карда, аз Мулло Шариф бо пули калон харид, чаро падар шуда, сари вақт писарро аз чунин бешарафӣ нигоҳ надошт! Ҳамагон аз маъхазҳои таърихӣ бохабаранд, ки дар байни мардуми афғон “бачабозӣ” барин хислати ғайриахлоқӣ дида мешавад. Муҳаммадиқболи Садриддин ба доми қумондонҳои ифротии афғон афтодаву ӯро ба ҷойи зан истифодаи шаҳватронӣ мекардаанд. Аз ваҷоҳати ин ноҷинси мубаллиғ дар сомонаҳои интернетӣ ҳувайдост, ки кирдори бади ҳамҷинсгароӣ ба ӯ часпидаасту алҳол дар Аврупо, ки ҳамтоифаашон озодона ба амалҳои ғайриахлоқона даст мезананд, макони хубе барои касофатҳояш дарёфтааст. Ин нокасе, ки бобати ҳимояи аркони дини мубини Ислом ҳарф мезанаду ваъзхонӣ мекунад, аёну рӯшод гардид, ки ҳаромзодаи касиф асту нашояд ӯро мусалмон хондан! Чун аз нақли шоҳидони зиндагиномаи ин хонавода Раҳим Каримов – қумандони тоҷик, Саидҷалол Сиёҳаков, Ҳаким Қаландаров ва ҳамсинфону ҳамсоягон бармеояд, ки роҳи хатои падар ва бетафовут буданаш нисбати фарзанд дар охир ӯро шармандаю шармсор ва фирорӣ аз Ватан кард.

Ғайр аз ин падару фарзанд шомили наҳзатиён, яъне ТЭТ ҲНИ гардида, Тоҷикистонро аз як кишвари орому осуда ба ғамкада мубаддал гардониданд, ки натиҷаи он ба ҳамагон маълум аст. Муҳаммадиқболи Садриддин то ҳол ба хотири ғаразҳои шахсӣ узви фаъоли ТЭТ ҲНИ ба ҳисоб рафта, тавассути сомонаи интернетии худ ва “фермаи ҷавоб”-и наҳзатиён даъватҳои ифротгароёнаи саркардаи наҳзатиҳоро низ дар сомонаи худ тарғибу ташвиқ мекунад. Ҳадафҳои нопоки ифротии Муҳаммадиқболи Садриддин сирф ғаразнок ва дурӯғи маҳз аст. Ӯ, ки Ватанро таҳқир менамояд, хоини халқу миллат, оқшудаи Ватан аст ва ҳуқуқи ин сарзанишу маломатро надорад.

Хуллас, Муҳаммадиқболи Садриддин бо ҳамаи он ҷиноятҳои содиркарда ва ҳарзагӯиҳои беасосу бедалелаш ҳамаи марзҳоро убур карда, дигар имкони бозгашт ба Ватанро аз даст додааст. Бинобар ин бо таблиғоти дурӯғинаш ақлу шуури ҷавонони ноогоҳ, бахусус муҳоҷирони меҳнатиро бо барномаи “Минбари муҳоҷир” дӯздида, ба худ сипар сохтанист.

 

Лутфуллои Мирализода, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест