САФСАТАИ КАБИРӢ

kabbirriya 4_9.jpg

Рўзҳои охир сару садоҳо оиди аз ҷониби Муҳиддин Кабирӣ тариқи Ютуб канали ҷадиди худ паҳн гардид. Баромади навбатӣ аз баромадҳои қаблии ў ягон фарқ надорад. Мисли пештара паст задани давлату ҳукумат ва мусичаи бегуноҳ нишон додани хеш. Лекин як чизи нав дар баромади М. Кабирӣ ба назар мерасид. Ин ҳам бошад баромадани ў аз доираи ҳизбиии худ ва демократ нишон додан дар назди шунавандагони худ ба назар мерасид. Нишондодҳои додаи ў оиди рейтинги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ бештар тааллуқ дорад ба давлатҳои демократӣ, зеро давлатҳои исломӣ ба ин чаҳорчўба рост намеоянд.

Барои мисол Арабистони Саудӣ давлати шоҳӣ ба ҳисоб рафта тахт аз насл ба насл мегузарад. Дар ин кишварҳо, ки аз рўи қонуни шариат амал мекунанд, бар хилофи принсипҳои демократӣ мебошанд. Аз он ҷумла сангсор намудани ҷинояткорон, буридани даст ва ғайраву ҳоказо гуфтан мумкин аст. М. Кабирӣ фаромўш намудааст, ки баъди ба даст овардани ҳукумат мехоҳад, ки давлатро исломӣ намояд, пас оиди меъёрҳои демократӣ сухан рондан чӣ маънӣ дорад? Ҷавоб маълум бо ҳар роҳу воситае бошад, ҳукуматро ба даст овардан асту халос. Зеро амалу рафтори онҳо инро нишон медиҳад. Кабирӣ бо ҳаммаслаконаш ҳизби исломӣ ва баъдан паймони миллӣ сохтан лекин натиҷа надод. Акнун бештар оиди принсипҳои демократӣ сухан намуда аз кишвари исломӣ ба давлатҳои Аврупо куч баста дар он ҷо баромад намуда истодааст. Аз эҳтимол дур нест, ки М. Кабирӣ билохир ягон ҳизби «демократӣ» ташкил намуда, самтро дигар менамояд. Зеро барои ин қабил инсоҳо танҳо манфиати шахси вуҷуд дораду халос, манфиати давлату миллат барои онҳо чизи бегона аст.

Дигар чизе, ки дар баромади Кабирӣ ба назар расид ин ёдовар шудан оиди тағйротҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вале номбар накардани онҳо аз ҷониби ў мебошад. «Соли 2012 суханронии ҳузурие доштам ва дар ин 8 сол тағйироти зиёде дар кишвари мо рух дод». Дар баромади худ 8 соли охирро баррасӣ намуда, рейтинги кишварро аз рўи маълумотҳои ким кадом ташкилотҳо баҳо додааст. Ин ҳам бошад на ҳамаи паҳлуҳои давлатро нишон додааст. Хуб мешуд агар М. Кабирӣ вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро аз соли 1992 то инҷониб таҳлил намуда, муқоиса менамуд ва онро барои шунавандагони худ дар он донишгоҳ нишон медод. Ман бо боварии том метавонам гўям, ки ҳамаи ин дастовардҳои давлату миллати моро дар ин давраи кутоҳи таърихӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта медоданд, ҳамаи онҳо аҳсан мегуфтанд. Лекин дар бораи дастоварҳои ҳукмати кишвар ягон даҳан сухан нагуфт. Ба қавли дигар, гўем чашми ҳасуд кӯр аст.

Лутфуллои Мирализод, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест