ПАРДАИ РӮЙИ МУҲАММАДИҚБОЛ АФТИД

 

Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо Сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои халқи кишвар ва сиёсати берунии хеш ба муваффақиятҳои бузург ноил гардидааст!!! Ин дастовардҳои бузург маҳз бо кӯшишу талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолони ҷомеа, мардуми озодандешу шарифи кишвар ба даст омадааст.

Тавре дар урфият мегӯянд: “Падар чӣ гуна, писар намуна”. Фарзанди Мулло Қаландар-Муҳаммадиқбол, ки дар Фаронса зиндагонӣ мекунад, дар маросими ба хок супоридани падар дар шаҳри Варшава, ки аз Фаронса то Полша “як қадам аст” иштирок накард. Ӯ, ки ба падари хиёнаткори худ хиёнат кардааст, ба дигарон ақл ёд медиҳад, ба Тоҷикистону мардуми он “дилсӯзӣ” менамояд.

Дидан намудани қисми 7-уми филми “Хиёнат” пардаи наве аз зиштиву рӯсиёҳӣ ва бадрафториву амалҳои ҳайвонӣ бардоштаасту симои воқеии Муҳаммадиқболи Садриддин – мубаллиғи ҳангомаҳои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломро инъикос кардааст. Агарчӣ, оммаи васеи мардум аз қаллобиҳои М.Садриддин ҷиҳати бо роҳи фиреб аз шиносони худ гирифтани маблағҳои калон аз маълумоти Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳӣ ёфта бошанд ҳам, аз ноҷавонмардиҳояш тариқи тамошои филми зикрёфта хабардор гаштанд. Дар филми навбатии “Хиёнат” бо далелу нақли ҳаводиси асоснок парда аз рӯи ин марди хашину иғвоангез бардошта шуд. Аҷаб саргузаште! Баъди тамошои филм хоҳу нохоҳ нафрати кас ба ин қабил “воизоне, ки ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд, чун ба хилват мераванд он кори дигар мекунанд” бедор мешавад. Он қадар ба берӯйӣ ва хушунат доду фарёд дорад, ки нафари сиёҳро аз сафед фарқ мекарда, дилаш натанҳо аз ӯ, балки сомонаҳои иҷтимоии дурӯғпардоз ба якборагӣ мемонад.

Дар воқеъ онҳое, ки филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»-ро таҳия намудаанд қаҳрамонанд. Чунки муаллифони ин филми ҳуҷҷатӣ бо овардани ҳақиқатҳои инкорнашаванда чеҳраи воқеии душманони миллати тоҷикро бозкушоӣ намуда, мардумро аз фитнаву фиреби онҳо огоҳ намуданд. Махсусан, чеҳраи воқеии яке аз хоинони асосӣ, ки пайваста аз дину имон сухан мегӯяд ва дар асл ба корҳои зишту ғайриинсонӣ машғул мешавад, ба тамоми аҳолӣ пурра ошкор гардид. Зеро, то ба ҳанӯз на ҳамаи аҳолии кишвар аз хиёнату ватанфурӯшӣ, беномусию бешарафӣ ва дигар хислатҳои касифонаи наҳзатиёни ифротӣ бохабаранд.

Ба таҳиягарону коршиносони филми “Хиёнат” барои пешниҳоди воқеияти мавҷуда ва огоҳ сохтани мардум аз гаравидан ба ҳамҷинсгароию қаллобҳои наҳзатӣ аҳсант мехонаму умедворам, ки мардуми кишвар, хоса насли ҷавон аз тамошои филми зикргардида хулосаи зарурӣ мебардоранд. Ва ҳеҷ вақт фирефтаи найранги ин хоинони ҳайвонсиришт намегарданд.

Шоимардонзода Х, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест