ТЕРРОРИЗМИ КАБИРӢ БО УСУЛИ ИТТИЛООТ

 

Чи хеле, ки ба ҳамагон маълум аст, экстремизм ва терроризм аз зуҳуроти хатарнок ва номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, бештар ба ҳаёту ояндаи ҷавонон хатарнок мебошад. Ин вабои аср бештар ба ҳолати равонии аҳли башар таъсири ҷиддӣ мерасонад. Ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад. Афсӯс аз сабаби паст будани сатҳи маърифатию ҳуқуқӣ ва сиёсии баъзе ҷавонон шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгароӣ зиед шуда истодааст, ки он ин вабои аст.

Дар вақтҳои охир душманони халқи тоҷик аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ дар ҳамдастӣ бо ҳамкорони паймониаш фаъолияти зиддимиллӣ бурда истодаанд. Аз ҷумла дар воситаҳои хабарии марбут ба терроризми байналхалқӣ ва ифротгароён имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоии “Ютуб” ва “Фейсбук” даъват ба ҷинояткорию – ғасби ҳокимият истодааст. Онҳо кӯшиш намуда истодаанд, ки ҷавонони ноогоҳ ва сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ доштаро ба сафҳои худ ҷалб намуда, онҳоро бо роҳи амалҳои ғайриқонунӣ ба гурӯҳҳои террористӣ шомил месозанд. Мардуми халқи тоҷик бояд донанд, ки ақидаи ин шахс бар зидди озодии ҷомеа аст.

Мутаассифона дар тассавури баъзе афроди чомеа ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки ба гурӯҳҳои Мухиддин Кабирӣ ифротгароӣ шомил мегардонад ва акидаҳои носолими динии худро мехоҳанд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Мехост, ки ҷахон мувофиқи хости он шакл бигирад. Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар гузашта дузду чинояткор будаанд ё нашъамандӣ кардаанд.

Гурӯҳи Мухиддин Кабирӣ гурўҳи бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд. Ин гуна афроди хиёнаткор арзиши истиқлолият, ки волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик мебошад, аз куҷо қадр кунанд!

Қадри истиқлолияти давлатӣ, ки барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро мебошад, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

 

А.Хидиров, “Минбари омӯзгор”

Ҳеҷ овозе нест