ОБОДОНӢ ДАР БОҒИ МАРКАЗИИ ФАРХОР

 

Дар ноҳияDSC09030.JPG

DSC09017.JPG

DSC09014.JPG

DSC09023.JPG

Дар ноҳияи Фархор кормандони Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия бо роҳбарии  Эмомов Насимҷон корҳои кабудизоркунию гулшинонӣ ва ободонӣ дар гулгашту роҳравҳо дар ин масвими истиқболи фасли зебои баҳор ва ҷашни Нарӯзи хуҷастапай корҳои ободонӣ бо ҷараён идома дорад. Соли сипаришуда кормандон дар як гӯшаи Боғи марказӣ гармхона сохта, дар он аз ҳисоби худашон гулҳои мавсимӣ ва растаниҳои истеъмолӣ: гашничу укроб корида, аз он худи кормандон ройгон истифода мебаранд.

Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кормандони Боғи марказӣ бо дастури раиси ноҳия муҳтарам Раҳматзода Рустам соли дуюм аст, ки дар масоҳати 0,07 Га дар шафати гармхона кишти картошкаро ба роҳ мондаанд. Чи хеле, ки директори Боғ зикр намуд, баъди ҷамъоварии картошка боз кишти такрориро аз қабили бодиринг, ҷуворимакка, лубигиҳо ва ғайраро ба роҳ монанд.

Ҳеҷ овозе нест