МАҚСАДҲОИ НОПОКИ ТЭТ ҲНИ

Ба ҳамагон маълум аст, солҳои охир аксарияти давлатҳои абарқудрат барои дастгирию таъсиси ҳизбу ҳаракатҳои гуногунҷабҳа дар ҷаҳони ислом маблағҳои беандоза сарф мекунанд. Таърих собит сохт, ки фаъолияти ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои динй ягон вақт ба манфиати мардуми оддии мусулмон набудааст. Ҳарчанд ин падидаро дар ҷаҳони ислом ташаккули худшиносии динии халқҳои мусулмон маънидод мекунанд, аммо ин аз ҳақиқат дур аст.

Чунки онҳо ҳазорсолаҳо худро мусулмон медонанд, имон доранд, умедвори неъмату ваъдаҳои илоҳӣ мебошанд ва барои ин аз нав мусулмон шудан зарурат надоранд (ҳизбу ҳаракатҳо вазифаи асосии худро мусулмон кардани мардуми мусулмон меҳисобанд). Аз ин бармеояд, ки заминаи таъсиси ин ҳизбу ҳаракатҳо тақсими мардум ба «мусулмони комил» ва «нокомил» ё «муъмин ва кофир» аст. Мубаллиғони сиёсии ин ҳизбҳо исломи сиёсиро ҳамчун «бренд» истифода бурда, ба майдони мубориза ворид гардиданд. Як гурӯҳи мардум имондории худро ба ин бренди сиёсӣ пайваст карда, худро ҳамчун мусулмони комил нишон додани шуда, дар ҷомеа тафриқа андохта, дар кишвари мо низ ҳамин барномаро бо таъсис ва дастгирии ТЭТ ҲНИ амалӣ намуданд.

Пас маълум мешавад, ки ТЭТ ҲНИ як ҳизби дохили набуда, бо системаи ҷаҳонии ҳаракатҳои исломӣ пайваст буда, ҳамкориҳои ояндаи онҳо дар сатҳи байналмилалӣ метавонад дар бозиҳои сиёсӣ нақши манфӣ дошта бошад. Ғояи вуҷуд доштани бахши ҳуқуқ доир ба ҳифзи фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои динӣ- сиёсӣ дар Ғарб ва Амрико аз он шаҳодат медиҳад, ки аз ҷониби ин созмонҳо ТЭТ ҲНИ ҳамчун аввалин намуна дар минтақа аст. Бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва мардум амнияту оромй дар кишвар таъмин ва Созишномаи сулҳ ба имзо расид. Тибқи талаботи Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ фаъолияти расмии сиёсии ин ҳизб мебоист дар доираи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, қонунҳои дигари амалкунанда ва оинномаи ҳизби зикршуда баҳри таҳким бахшидани дастовардҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию динӣ ва ташаккули ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ошкоро ва шаффоф ба роҳ монда мешуд. Пекин пас аз фавти роҳбари ҲНИ Саид Абдуллоҳи Нурӣ роҳбари нав интихобшудаи ҲНИ Кабири Муҳидин бо маслиҳати пешакӣ бо аъзоёни Раёсати олии ҳизб ва як зумра аъзоёни қатории он, аз рӯи ғарази сиёсӣ бо мақсади дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо намудани давлати исломӣ ва бо роҳи муборизаи мусаллаҳона тағйир додани сохти конститутсионии онро яке аз самтҳои фаъолияти сиёсии ҲНИ муқаррар намуданд.

Чунончӣ, тибқи маълумотҳои дақиқ танҳо дар давраи аз соли 2010 то моҳи сентябри соли 2015 дар саросари ҷумҳурӣ 45 нафар аъзоёни ҲНИ ҷиноятҳои гуногуни дараҷаи вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, нисбати 34 нафари онҳо қарорҳои ниҳоии судӣ қабул гардидаанд. Танҳо аз ин шумора 17 нафар аъзоёни ҲНИ бинобар даст доштан ба ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремиста дошта, аз қабили иштирок дар иттиҳодияҳои ҷиноятию экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зуроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣдар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаву адовати динӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Инчунин дар содир намудани куштори даҳҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ алоқаманди доранд.

Барои исёни мусаллаҳонаи Ҳизби наҳзати ислом ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоби сазовор буд, зеро таъмини амну субот дар кишвар аз манфиати ҳамагуна ҳизб болост.

 

Маҷидзода А, “Гулистон”

Ҳеҷ овозе нест