ДУШМАНИГАРӢ АЗ БЕШ НЕСТ

Имрӯз тамоми ниҳодҳои давлатӣ фаъолияти босамар дошта, барои пешгирӣ кардани чунин амалҳо ҳам имконияти низомӣ ва ҳам ғурури миллӣ доранд. Бинобар ин оғоз намудани корҳои тафтишотӣ алайҳи раёсати ҲНИ ҳамчун сарпарастони ин хиёнат аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ як амали муқаррарӣ буда, аз ин ҳангомаҳои расонаи бардоштан, танҳо худсафедкунӣ мебошад. Афсонаҳои солҳои 90-уми асри гузашта дигар доми фиреб шуда наметавонанд, мардум диди сиёсии пешрафта доранд ва ба дуруғу ваъдаҳои ҳизбиён дигар бовар надоранд, ки ин ҳолатро ба мардум фаҳмонда тавонистан, муваффақияти калони низоми давлатдорй мебошад.

Пас аз маҳрум шудан аз курсии вакили дар парлумони кишвар Муҳиддин Кабирӣ  баҳри ба сари ҳокимият омадани худ, яъне пас аз содир намудани табаддулоти давлатӣ, рӯзи 16-уми марта соли 2015 ба хориҷи кишвар сафар намуда, аз онҷо мунтазам бо аъзоёни Раёсати олии ҲНИ алоқаи интернет ва вохӯрии аъзоёни алоҳидаи Раёсатро бо худ барқарор намуда, рафти амалӣ намудани нақшаи ҷиноятии тарҳрезӣ намудаашонро роҳбарӣ ва назорат карда, бо маслиҳати пешакӣ бо Назарзода А.М. ва дигар аъзоёни Раёсати олии ҲНИ шаби 3-юм ба 4-уми сентябри соли 2015 табадуллоти ҳарбӣ барпо намуд, ки натиҷаҳои он ба ҳама маълум аст.

 Ҳоло бошад, Кабирӣ дар давлатҳои Аврупо қарор дошта, худро ҳамчун муборизи ақидаҳои демократӣ вонамуд карда, бо воситаи ташкилотҳои байналхалқӣ мавқеъи паноҳандаи сиёсиро ба даст оварда, аз нақшаю мақсадҳои ҷинояткоронаи худ, ки бо роҳи зуроварӣ тағйир додани сохти Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст даст накашида, бо изҳороту мақолаҳои иғвоангез кушиши дубора ба даст овардани боварии пайравони собиқи худро карда истодааст.

Зеро бо дигар роҳ ҷалб кардани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеъа ва собиқ аъзоёни ҲНИ, ки аз рӯи ӯ пардаи муборизи ислоҳотгар ва демократихоҳро барафканда, чеҳраи аслии ифротгаронаи уро шинохтаанд, ёфта наметавонад.

Аз ин хотир Кабирӣ. аз амалҳои ҳангомаҷӯёна ва пахши изҳоротҳои беасосу иғвоангезона худдорӣ карда, нокомии худро дар арсаи сиёсат эътироф карда наметавонад. Кабирӣ  дар Аврупо бо маблағҳои хоҷагони худ рузгори серу пури худро ба роҳ мондааст ва хуб медонад, ки дар сурати ин амалҳои ҳангомаҷуёнаи худро хотима бахшидан хоҷагонаш маблағгузории ӯро низ хотима мебахшанд. Аз ҳамин сабаб ӯ низ дигар илоҷе надорад.

Худи Раиси ҲНИ Кабирӣ бошад, бо маслиҳати пешакй бо аъзоёни Раёсати олии ҲНИ аз соли 2010 capкарда тавассути нашрияи асосиаш- ҳафтаномаи «Наҷот» ва дигар воситаҳои ахбори умум мунтазам хабару мақолаҳои барангезандаи кинаю адоват ва низои миллию диниро нашр намуда, дар байни сокинони кишвар рӯҳияи бадбинию мухолифи сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии давлат ва Ҳукумати конститутсиониро дар Ҷумҳурии Тодикистон ташвиқу тарғиб намудаанд.

Тураева М, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест