ФИРЕБУ ХИЁНАТ ТАБИАТИ ӮСТ

 

Пас аз тамошои филми мустанади «Бешарафӣ» ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки Муҳаммадиқбол ба ҷуз хиёнат ба миллату Ватан ва дини поки Ислом дигар ҳеҷ кор намекунад?! Филми ҳуҷҷатии омоданамуда зери унвони «БЕШАРАФИ» аз он шаҳодат медиҳад, ки одамизод агарчи махлуқи бошуур аст, вале вақте фирефтаи нафс шуд, чӣ корҳоеро ба сомон мерасонидааст! Рафтору кирдор ва пиндори хоинонаи марди наҳзатӣ Қаландар Садриддинов, ки дар чоҳи кандаи ӯ фарзандаш Муҳаммадиқбол афтидааст, басо нанговар буда, ба шаъни миллати фарҳангсолори тоҷик созгор нест! Чуноне аз гуфтаҳои шоҳидон бармеояд, падари М.Садриддин бо пули дуздӣ фарзанд ба воя расонидаасту писари 12-13 солаашро ба мулло Шарифи афғон бовар карда супоридааст. Вақте қумандон – Ғулом писари ӯ Муҳаммадиқболи 12-соларо маъқул карда, аз Мулло Шариф бо пули калон харид, чаро падар шуда, сари вақт писарро аз чунин бешарафӣ нигоҳ надошт! Ҳамагон аз маъхазҳои таърихӣ бохабаранд, ки дар байни мардуми афғон “бачабозӣ” барин хислати ғайриахлоқӣ дида мешавад. Муҳаммадиқболи Садриддин ба доми қумондонҳои ифротии афғон афтодаву ӯро ба ҷойи зан истифодаи шаҳватронӣ мекардаанд. Аз ваҷоҳати ин ноҷинси мубаллиғ дар сомонаҳои интернетӣ ҳувайдост, ки кирдори бади ҳамҷинсгароӣ ба ӯ часпидаасту алҳол дар Аврупо, ки ҳамтоифаашон озодона ба амалҳои ғайриахлоқона даст мезананд, макони хубе барои касофатҳояш дарёфтааст. Ин нокасе, ки бобати ҳимояи аркони дини мубини Ислом ҳарф мезанаду ваъзхонӣ мекунад, аёну рӯшод гардид, ки ҳаромзодаи касиф асту нашояд ӯро мусалмон хондан! Чун аз нақли шоҳидони зиндагиномаи ин хонавода Раҳим Каримов – қумандони тоҷик, Саидҷалол Сиёҳаков, Ҳаким Қаландаров ва ҳамсинфону ҳамсоягон бармеояд, ки роҳи хатои падар ва бетафовут буданаш нисбати фарзанд дар охир ӯро шармандаю шармсор ва фирорӣ аз Ватан кард.

Дар воқеъ онҳое, ки филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»-ро таҳия намудаанд қаҳрамонанд. Чунки муаллифони ин филми ҳуҷҷатӣ бо овардани ҳақиқатҳои инкорнашаванда чеҳраи воқеии душманони миллати тоҷикро бозкушоӣ намуда, мардумро аз фитнаву фиреби онҳо огоҳ намуданд. Махсусан, чеҳраи воқеии яке аз хоинони асосӣ, ки пайваста аз дину имон сухан мегӯяд ва дар асл ба корҳои зишту ғайриинсонӣ машғул мешавад, ба тамоми аҳолӣ пурра ошкор гардид. Зеро, то ба ҳанӯз на ҳамаи аҳолии кишвар аз хиёнату ватанфурӯшӣ, беномусию бешарафӣ ва дигар хислатҳои касифонаи наҳзатиёни ифротӣ бохабаранд.

Ба таҳиягарону коршиносони филми “Хиёнат” барои пешниҳоди воқеияти мавҷуда ва огоҳ сохтани мардум аз гаравидан ба ҳамҷинсгароию қаллобҳои наҳзатӣ аҳсант мехонаму умедворам, ки мардуми кишвар, хоса насли ҷавон аз тамошои филми зикргардида хулосаи зарурӣ мебардоранд. Ва ҳеҷ вақт фирефтаи найранги ин хоинони ҳайвонсиришт намегарданд.

Муҳаммадиқболи Садриддин, ки даъвои ватандӯстиву адолат мекунад, бо ин мафҳумҳои муқаддас ҳеҷ алоқамандие надорад. Фаъолияти ӯ танҳо як намоишӣ мебошад. Дар асл бошад, ҳадафи ӯ танҳо ба даст овардани бойигарист. Аз рӯйи шоҳидии шахсони ба ӯ наздик, алалхусус ҳамсоягону шиносон маълум мешавад, ки ӯ як қаллоб буда, аз одамон садҳо ҳазор доллар қарздор будааст. Ба фаъолияти сиёсӣ даст заданаш ҳам танҳо як ҳадаф дорад: аз қарздорон фирор кардан ва онҳоро фиреб додан. Барои ин гуна ашхос ҳеҷ муқаддасоте вуҷуд надорад. Фоидаи шахсӣ, даромади муфт ва дуздиву фиребгарӣ принсипҳои асосии ҳаёти М.Садриддин гардидаанд.

Лутфуллои Мирализод, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест