ҲУКМИ МУҲИДДИН КАБИРӢ СОДИР ШУДААСТ

 

Санаи 8-уми феврали соли ҷорӣ Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон маълум намуд, ки парвандаи Муҳиддин Кабирӣ-роҳбари мухолифин ҳамаҷониба тафтиш шуда, ҳамчун  махфӣ ба қайд гирифта шуда буд, ҳукми ғоибонаи он эълон шудааст.

Ӯ гуфт, ин парванда аз ҷониби суд мавриди тафтиш қарор гирифт ва аллакай нисбати парвандаи мазкур санади судӣ қабул гардидааст.

Муҳиддин Кабирӣ бар асоси 16 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2019 аз сӯи Додгоҳи олӣ дар ғайбаш маҳкум гардид.

Дар феҳрасти моддаҳои Кодекси ҷиноӣ, ки Кабирӣ бар асоси он гунаҳкор дониста шудааст, моддаи 107 - одамкушӣ дар ҳолати аз ҳадди мудофиаи зарурӣ баромадан, моддаи 189 - барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, моддаи 199 - тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш, моддаи 313 - исёни мусаллаҳона, номбар шудаанд.

Инчунин таъкид шудааст, ки Кабирӣ бар асоси моддаи 195 - ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш, моддаи 306 - бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, моддаи 307 - даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои дигар гунаҳкор дониста шуд.

Пештар Додгоҳи олии Тоҷикистон ба далели махфӣ будани мурофиа нагуфт, ки Кабирӣ ба чанд соли зиндон маҳкум шудааст. Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовинони раиси ҳизби дар Тоҷикстон мамнӯи наҳзати исломӣ бар асоси моддаҳои камтар, вале мушобеҳ ба ҳабси абад маҳкум шудаанд.

Худи Кабирӣ, ки феълан дар хориҷи кишвар паноҳ бурдааст, борҳо иттиҳомотро бепоя ва таъқибашро дорои ангезаи сиёсӣ хонда буд.

Додгоҳи Тоҷикистон ҲНИТ-ро соли 2015 ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон намуда, фаъолияташро дар кишвар мамнӯъ эълон карда буд.

 

Шоимардонзода Х, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест