Тирпаронии назҳатихо дар Олмон

Вокуниш

 

 

Мақомоти полиси ноҳияи Соести Олмон ба ҷурми содирнамудани ҳамлаи мусаллаҳона чор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро боздошт кардааст.

 

Тавассути саҳифаи «Ютуб»-и интернет хабари чор нафар наҳзатии тоҷикро, ки ҳамсаф ва ҳаммилати худро террор кардаанд, хондаму малул шудам. Малул аз он шудам, ки наҳзатиҳои худфурўшу оқиватан дар хориҷа ҳам ба амалҳои касифашон номи миллати моро бадном мекунанд. Воқеан ҳамонҳо мусулмонӣ надоранд. Барои ин андешаам далел ҳам нишон дода метавонам.

Пешвои дини будоии Тибет Далам Лама дар масъалаи динситезони Ироқу Сурия ва дигар тоифаҳои ба онҳо ҳамақида бисёр баҳои воқеӣ додааст: «Агар манзури Шумо ДИИШ ва дигар гуруҳҳои радикалӣ бошад, онҳо мусулмон нестанд, балки душмани исломанд. Ман дар маҳаллаи мусулмоннишин бузург шудаам ва аз таълимоти ислом низ то андозае огоҳам. Мусулмони оддӣ мардуми таҳамулпазир, меҳрубон ва аз ҷангу хушунат безоранд».

         Худ қазоват кунед як шахсияти бузурги дигар дин, ки ба ислому мусулмонӣ ҳеҷ иртиботе надорад, динситезони террористу экстремистро чунин баҳогузорӣ мекунад, дигар чӣ бую умеди инсонии онҳо мемонад.

         Ҳануз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 фаъолияти ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ манъ дошта, ба бештари кишварҳои Осиё ва Аврупо эълон дода буд. Ва он кишварҳо ҳамзамон СММ низ ин ҳукми Суди ОлииТоҷикистонро пазируфта буданд.

         Пас, чаро як давлати пешрафта мисли Олмон ба наҳзатиҳои террористӣ Тоҷикистон такягоҳ мешавад, ҳатто ба онҳо шаҳрвандии хешро медиҳанд. Охир онҳоро аз кишварҳои ҷангзадаи Сурия ва Афғонистон ба манфиати худашон истифода мекунанд, чаро аз ин андеша намекунанд!.

         Блогери тоҷик Давлатов Музаффар, ки мувақатан сокини шаҳри Соестии кишвари Олмон шуда будааст, ба Тоҷикистон омадаву баъди чанд рўзе бозпас баргаштааст ва дар шабакаи «Ютуб» 11 феврал навореро атрофии дастовардҳои Тоҷикистон нишон дода гуфтааст: «Душанбе чунон зебошудааст, ки нашинохтам», аз дидаҳояш қисса карда Душанберо таъриф кардааст».

         Бубинед, ки наҳзатиҳои касофат ҳатто аз пешрафту нуму ва рушди ободии Тоҷикистон шунидан намехоҳанд. Наҳзатиҳои террорист Орзуев Сулаймон писари аъзои Раёсати олии ТЭТ ҲНИ Орзуев Маҳмадкарим Аврозиқович ҳамроҳи шариконаш Комрон, Хуршед ва Беҳрўз ба шаҳри Соест омада дар натиҷа яке аз аъзоёни наҳзатиҳои террорист бо таппонча Давлатов Музаффарро паронда маҷрўҳ мекунанд ва аз ҷойи содиршудаи ҷинояташон ғайб мезананд.

         Ҳоло Давлатов Музаффар дар беморхона бистари аст, террористони наҳзати аз тарафи полиси шаҳри Соест дастгиршуда, дар идораи полис таҳти тафтишот қарор доранд.

         ҲНИ пайваста дар қасди ба дом андохтани ҷавонони камсаводу бесаводи тоҷик буданд ва ҳастанд. Чунин ҷавононро дар фаъолияти террористии худ истифода мебаранд. Мардуми Тоҷиистон, алалхусус ҷавонон бидонанд ва огоҳ бошанд, ки ин тоифаи наҳзатиҳо бо ном мусулмонанд, на дин доранду на имон, фирефтаи онҳо нашаванд.

 

Ҳазар аз ин палидони сиёсӣ! Ҳазар!

 

 

 

 

Сархатиби масҷиди ҷомеи

ба номи «Абуҳанифа»-и

ноҳияи Фархор:            Муродов Саймумин.

 

Ҳеҷ овозе нест