Ҷаласаи Комиссияи МИҲД-и ноҳияи Фархор оид ба ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛЛОДА дар мавсими баҳори соли 2021
Дар ҳудуди н.Фархор дар соли 2021 ҳамагӣ 29 мавзеъи хавфнок ба қайд гирифта шуда аст, ки аз онҳо 5 ададаш минтақаҳои ниҳоят хавфнок ба ҳисоб меравад:
- д.Муҳоҷиробод, (ҶД Дарқад), 2954 н.аҳолӣ;
- д.Сурхоб (ҶД Ғалаба), 3109 н.аҳолӣ;
- д.Сомониён (ҶД Зафар), 5525 н.аҳолӣ ;
- д.Ҳақиқат (ҶД Ватан), 1801 н.аҳолӣ;
- д.25-солагӣ (ҶД Ғайрат), 2056 н.аҳолӣ;
Дар умум дар ин мавзеъҳо 15085 нафар аҳолӣ фаъолият зиндагонӣ доранд.
Ба ин мавзеъ асосан таҳдиди офатҳои табиӣ: сел, ярч, лағжиши замин, обхезӣ, эрозияшавии замин ва баландшавии оби канал ба қайд гирифта шудааст.
Бо Амри раиси ноҳияи Фархор оиди навбатдории шабонарӯзӣ аз 18-02-2021, №К-20 ба тавсиб расида, дар ҷамоатҳо ва дар минтақаҳои хавфнок аз ҳисоби аҳолӣ навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шавад.
Аз дафтари матбуоти раиси ноҳия