ДОНИШГОЊИ БУЗУРГИ ТЕРРОРИЗМ Ё тањсили љавонони тољик дар он чї оќибатњо дорад

ДОНИШГОЊИ БУЗУРГИ ТЕРРОРИЗМ

Ё тањсили љавонони тољик дар он чї оќибатњо дорад?

 

8-уми декабри соли 2020-ум Вазорати корњои хориљии ИМА эълон кард, ки яке аз донишгоњњои калонтарини Љумњурии Исломии Эрон «Љомеату-л-Мустафо ал-ъоламия»-ро њамчун маркази њамкор бо нерўњои террористї тањрим намудааст. Ин тањрим аз тарафи Раёсати назорати дороињои хориљии Вазорати молияи ИМА бо ќарори раќами 10590000383 анљом шудааст. Дар шарњи ќарор омадааст, ки ин «донишгоњ» бо Сипоњи посдорони инќилоби исломии Эрон (КСИР), махсусан бо бахши хориљии он - сипоњи «Ќудс», ки ду сол пештар њамчун ташкилоти байналмилалии террористї эътироф шуда буд, алоќаи бевосита дошта, њамчун маркази тайёр кардани мубаллиѓони ифротї ва љосусњо барои идорањои амниятии Эрон дар тамоми љањон хизмат мекунад.

Аз сабаби он, ки дар солњои охир дањњо нафар љавони тољик, аз љумла фарзандони собиќ аъзои ташкилоти манъшудаи њизби нањзати исломї дар ин «донишгоњ» таълим гирифтаанд ва њоло њам таълим мегиранд, фаъолияти он барои тољикон ва Тољикистон низ бетафовут буда наметавонад.

Бинобар ин, бисёр зарур аст, ки шањрвандони Тољикистон низ дар бораи ин маркази бузурги ифротгароиву таблиѓотї баъзе маълумотњо дошта, худ ва фарзандони худро аз он дур нигоњ доранд.

Аз љумла:

Донишгоњи «Љомеъату-л-Мустафо ал-ъоламия» (тарљума аз арабї: Донишгоњи байналмилалии ба номи Мустафо) дар асл њаргиз донишгоњ набуд ва донишгоњ нест! Он барои фиреб додани шањрвандони хориљї ва давлатњои онњо ба хатмкунандагони худ, ки дар асл охундњои бисёр мутаассиб мешаванд, унвонњои зоњиран дунявии илмии «бакалаур», «магистр», «доктор» ва ба устодонаш, ки асосан охундњои тундрав њастанд, унвонњои илмии «дуктур», «профессор» ва ѓайра медињад. Давлатњои љањон хатмкунандагони онро мутахассис ва хатмкардаи донишгоњ гумон карда, ба системаи идории худ ба кор мегиранд ё таъќиб намекунанд. Ин ниќоб имкон медињад, ки хатмкунандагони ин «донишгоњ» дар тамоми љањон пањн шаванд ва миссияи махсуси худро иљро кунанд.

Миссия ё вазифаи асосии «Љомеъату-л-Мустафо ал-ъоламия», ки марказаш дар шањри Ќуми Эрон воќеъ аст, тайёр кардани мубаллиѓон ё миссионерони хурофотпарастро ба роњ монда, ба воситаи онњо таблиѓи ифротгароиро амалї месозад. Яъне, он яке аз инструментњои асосии татбиќи сиёсати «судури инќилоби исломї» ва дахолати Эрон ба вазъияти кишварњои хориљист.

Мувофиќи маълумоти сомонаи худи ин «донишгоњ», њоло дар он беш аз 52 000 (!) талибилм аз 122 (!!) кишвари љањон маѓшўйи мешаванд. Раиси собиќи ин Донишгоњ Алиризо Аърофї иддаъо дорад, ки то имрўз беш аз 50 000 (!!!) мубаллиѓ тайёр карда, ба кишварњои љањон фиристодаанд, ки бо воситаи онњо њудуди 50 000 000 (!!!!) нафар таблиѓ шудааст. Албатта, ин 50 000 охунди мубаллиѓ, ки ин љо омода шудаанд, дар зери ниќоби муттахассиси донишгоњї ва бо њуљљатњои сохтаи бакалавру магистру доктор фаъолият доранд.

Илова бар ин, ин донишгоњ то имрўз дар 60 кишвари љањон, аз љумла кишварњои Аврупої ва Африќої филиалњои худро кушода, ба тайёр кардани мубаллиѓони нав машѓул аст. Масалан, њоло танњо дар намояндагии он дар Афѓонистон њудуди 4000 нафар, аз љумла дар филиали Кобул 2000 нафар тањсил мекунанд. Дар намояндагии он дар кишвари африќоии Ѓано, ки кишвари суннинишин аст, беш аз 1000 нафар толиб таълим мегирад. Њатто дар шањри Париж намояндагии ин «донишгоњ» кушода шудааст, ки масоњати умумии он 2,5 га. мебошад.

Масъалаи љиддитар, ки сабаби асосии аз тарафи давлати ИМА њамчун ташкилоти террористї тањрим шудани ин «донишгоњ» гардид, таъйиноти махсуси љосусї ва разведкавии ин муассиса ба њисоб меравад. Дар ќадами аввал, аз байни толибони кишварњои гуногун дар ин муассиса љосусони хидматгор барои Эрон аз тарафи «Сипоњи Ќудс» ва вазорати иттилоот љалб мешаванд. Дар ќадами баъдї, ин љосусњо дар кишварњои худашон шабакаи љосусњои Эронро аз њисоби мубаллиѓони мањаллї ташкил менамоянд. Ин шабакањо на танњо таблиѓгари аќидањои зиддимазњабї, балки барои хадамоти махсуси Эрон љосусї карда, маълумотњои заруриро дар соњањои гуногун љамъ меоранд.

Солњои охир дар як ќатор кишварњои љањон намояндагињои ин муассиса баста шуда, љосусони он боздошт шуданд. Аз љумла, соли гузашта дар Босния ва Герсоговина чунин як маркази љосусии дар намояндагии ин «донишгоњ» барњам зада шуд, ки маълумот дар бораи љузъиёти он дар расонањо низ пањн гардидааст. Яке аз мудњиштарин корњои ин донишгоњ, мањз дар њамкорї бо сипоњи «Ќудс» барои љанги мазњабї дар Сурия аз њисоби муњољири афѓон дар Эрон ташкил намудани гурўњи љангии «Лашкари Фотимиён» мебошад, ки њоло ба як масъалаи бањснок байни Эрон ва Афѓонистон табдил шудааст. Моњи гузашта вазири корњои хориљии Эрон Муњаммадљаводи Зариф дар мусоњиба бо телевизони «Тулуъ-нюс» теъдоди ин лашкариёни афѓонро, ки дар Сурия аз тарафи Эрон мељанганд, 5000 нафар гуфт, аммо хабарнигори ин телевизон Наљафзода онро 25000 нафар эълон кард.

Аз назари идоракунї, ин муассиса бевосита зери роњбарии худи Роњбари инќилоби исломии Эрон Оятулло Хоманаї фаъолият карда, раиси он низ аз тарафи Роњбар таъйин мешавад. Вазорати тањсилоти олии Эрон ва маќомњои дигари давлатї њуќуќи дахолат ба фаъолият ва стандартњои таълимии ин «донишгоњ»-ро надоранд. Балки ин вазорат маљбур аст њуљљатњои дар асл ѓайривоќеии ин «донишгоњ»-ро расман эътироф ва тасдиќ кунад. Барномањои таълимии он аз аккредитатсияи давлатии Эрон нагузашта, ин муассиса љузъи таркибии њавзаи илмияи Ќум ва муассисаи таъблиѓи хурофотзадагї ба њисоб меравад. Вазорати корњои хориљии Эрон ва сафоратњои Эрон дар кишварњои хориљї низ њуќуќи назорати фаъолияти хориљии ин «донишгоњ»-ро надоранд.

Маълум аст, ки чунин як фаъолияти махсусан васеи таблиѓотї (миссионерї) ва шабакаи бузурги љосусї ба маблаѓгузории бисёр калон эњтиёљ дорад. Аз ин рў, буљаи «донишгоњ»-и «Љомеъату-л-Мустафо ал-ъоламия» низ бисёр калон аст. Он дар асл як давлат дар дохили давлат мебошад.

Мувофиќи њисоби мутахассисони эронї ва хориљї, буљаи солонаи ин донишгоњи терроризм њудуди 450 то 500 000 000, яъне наздики ним миллиард доллари ИМА-ро ташкил мекунад. Ин маблаѓи бузург аз чор манбаъ таъмин мешавад:

1.Аз буљети расмии давлатии Эрон

2.Аз буљети «байти рањбарї» (фонди махсуси Роњбари инќилоб)

3.Аз њисоби хумс (андози 20%-и мазњаби шиъа), ки ањолї ба охундњо мепардозад.

4.Аз њисоби хайрияи маљбурї, ки аз ширкатњо, корхонањои истењсолї ва соњибкорони бузург ситонда мешавад.

Аз ин миён, танњо маблаѓи аз буљети расмии Эрон барои ин донишгоњ људошаванда маълум буда, маблаѓњои се сарчашмаи дигар, ки таќрибан дар њамин њаљм њастанд, махфї ё ба ќавли худи охундњо «билоњисоб» боќї мемонанд. Масалан, дар буљети давлатии Љумњурии Исломии Эрон барои соли 1398 (2019) ба ин донишгоњ 308 миллиард туман маблаѓ људо шудааст ва илова бар ин, дар сурати афзоиши ќиммати нефт он бояд то 400 миллиард туман расонида шавад. Ин малбаѓ њудуди 75 000 000 доллар ва дар сурати афзоиш, беш аз 100 000 000 доллари ИМА-ро ташкил мекунад.

Харољоти ин маблаѓњои бузург пурра дар ихтиёри гурўњи охундњои роњбари донишгоњ (њайати уламо) буда, дар самтњои зерин харљ мешавад:

-таъмини фаъолияти идорию таълимї;

-таъмини хўрок, љои зист ва рафтуомади солонаи беш аз 50 000 толиби хориљї;

-таъмини фаъолияти филиалњо дар 60 кишвари љањон;

-маблаѓгузории фаъолияти хатмкунанда дар кишварњои худашон (дар ин банд, мутобиќи фармони расмии Оятулло Хоманаї, бояд ташкилотњои дигари мазњабии Эрон, аз љумла Созмони таблиѓоти исломї ва Маљмаи љањонии ањли байт, ки њар як низ буљетњои нињоят калони худро доранд, ба ин «донишгоњ» њамкорї кунанд);

-маблаѓгузории шабакаи љосусї аз њисоби хатмкунандагон ва њифзи робита бо онњо (дар ин бахш Сипоњи посдорон њамкорї мекунад, ки буљаи он дањњо миллиард доллар аст);

Тафтиш кардани харљи буљаи ин муассиса аз тарафи маќомоти давлатии Эрон мумкин нест.

Маълумоти мухтасари пешнињодшуда, чї маркази бузургтарини тайёркунии мубаллиѓон ва шабакаи љосусї будани ба ном донишгоњи «Љомеъату-л-Мустафо ал-ъоламия»-ро пурра исбот мекунанд. Аз он метавон дид, ки дар њаќиќат ин марказ тањдиди бузурге ба амнияти минтаќавї ва махсусан тољикону Тољикистон ба њисоб меравад.

Мувофиќи маълумотњои санљидашудаи маќомоти давлатии Тољикистон, дар солњои охир (аз солњои 90-ум то имрўз) њудуди 900 нафар шањрвандони Тољикистон дар ин донишгоњи бузурги террористии минтаќа тањсил кардаанд. Ќисми асосии онњоро фарзандони нањзатиёни собиќ ташкил мекунанд, ки як ќисмашон то њоло он љо тањсил ва зиндагї доранд (маълумоти муфассал дар бораи онњо ба таври алоњида нашр мегардад). Бо даъвати давлати Љумњурии Тољикистон то имрўз садњо нафар аз донишгоњњои террористии ин кишвар баргардонида шудаанд, аммо маълумоти даќиќ нишон медињад, ки њоло њам њудуди 380 нафар тољикон дар «Љомеъату-л-Мустафо ал-ъоламия» ва дигар марказњои махсуси ин кишвар тањсил мекунанд. Маќомоти кишвари мазкур барои мулоќоти намояндагони сафорати Љумњурии Тољикистон бо ин шањрвандони тољик њамеша монеа эљод намудаанд.

 

Имрўз њам аксарияти масъулони бахши идеологии ташкилотњои ифротгарои њизби нањзати исломї ва Паймони миллии Тољикистон, ки дар кишварњои аврупої фаъолият доранд, хатмкардагони њамин донишгоњи бузурги террористї ва кадрњои муассисањои махсуси таълимии ин кишвар мебошанд. Аз љумла, узви раёсат ва идеологи асосии Паймони миллии Тољикистон Бурњонов Саидюнус Аббосович (Сайидюнуси Истаравшанї) беш аз дањ сол бо ањли оила ва бародаронаш дар ин муассисаи террористї дар шањри Ќум таълим гирифта, њоло њам зери таъминоти он мебошад. Ин узви раёсати ПМТ ва муассиси ташкилоти фейкии «Анљумани озодандешони Тољикистон», ки яке аз муассисони ПМТ аст, њатто чанд сол аз тарафи сипоњи посдорон ба Лубнон фиристода шуда, дар таркиби ташкилоти террористии «Њизбуллоњ»-и Лубнон таълиму таљрибаи идеологї ва диверсионї омўхтааст.

С.Истаравшанї мудири сомонањои тољикзабони «Рисолат» ва «Кимиёи саодат» аст, ки њар ду аз тарафи Сипоњи посдорони инќилоби исломї таъсис шуда, ба таблиѓот ва фаъолияти зидди давлати Тољикистон машѓул буданд. Ќобили зикр аст, ки моњи гузашта ин пойгоњњо низ њамчун зерсохторњои таблиѓотии Сипоњи посдорон аз тарафи давлати ИМА сомонањои террористї эълон ва баста гардиданд. Чунин њукми байналмилалї нисбат ба узви Раёсати ташкилоти ифротии Паймони миллии Тољикистон ба худи ин ташкилот низ дахл дорад. Ногуфта намонад, ки њатто пас аз њамчун сомонањои террористии сипоњ ва њизби нањзат баста шудани сайтњои «Рисолат» ва «Кимиёи саодат», узви раёсати ПМТ С.Истаравшанї таблиѓоти зиддитољикиро дар сањифаи фейсбуки худ идома дода истодааст.

Њамчунин, муовини раиси њизби нањзати исломї Кузов Шоњнаим, узви раёсати ЊНИ, писари роњбари пешинаи ин Њизб С.А.Нурї - Саидов Муњаммадљон Абдуллоевич, мудири департаменти робита бо љомеаи ТЭТ ЊНИ, бародарзода ва ёрдамчии шахсии раиси ПМТ Муњиддин Кабирї - Кабиров Муњамадљон Сафарович, сухангўи ПМТ Ќаюмов Бобољон Таѓоевич (Бобољони Ќаюмзод), узви раёсати ТЭТ ЊНИ Вањњобов Азимљон Азизович, узви раёсати ТЭТ ЊНИ Саидов Исломљон Асомуддинович, роњбари намояндагии ТЭТ ЊНИ дар шањри Тењрон Амонбеков Неъмат Сулаймонбекович, масъули сомонањои иттилоотии ТЭТ ЊНИ ва домоди раиси ПМТ Амруллоњи Низом, муњаррири  расонањои ТЭТ ЊНИ, бародари Саидюнуси Истаравшанї Бурњонов Аббос ва ѓайра, ки њоло дар кишварњои аврупої худро њамун «демократ» ва «њомии њуќуќи башар» муаррифї мекунанд, мањз дар њамин  мактабњои махсуси Эрон ва Сипоњи посдорон тањсил карда, барои иљрои рисолатњои махсус тайёр карда шудаанд. Аксарияти фаъолони сатњи миёнаи ТЭТ ЊНИ дар Аврупо низ дар марказњои махсуси Эрон таълими идеологї ва махсус дидаанд.

Мувофиќи маълумотњои аниќшуда, њоло Кузов Ш. масъули робитањои њарбї ва амалиёти террористии ТЭТ ЊНИ бо Сипоњи посдорони Эрон ва Муњаммадљон Кабиров масъули робитањои сиёсї ва љосусии ТЭТ ЊНИ бо Вазорати амният ва Сипоњи посдорони Эрон мебошад. Илова ба вазифањо дар самти мубориза бо давлати Тољикистон, яке аз вазифањои онњо аз ин иборат аст, ки њамчун «њомии њуќуќи башар» дар конференсия ва мањфилњои аврупої иштирок карда, дар бораи мухолифони низоми исломии Эрон барои маќомоти дахлдори ин кишвар маълумот љамъ мекунанд. Ин њолатњо нишон медињанд, ки њукми байналхалќї нисбат ба созмони террористї эътироф шудани Сипоњи посдорон ва «Љомеъату-л-Мустафо ал-ъоламия» ба ин роњбарону фаъолони ПМТ ва ТЭТ ЊНИ, ки бевосита дастпарвару кадрњои ин ташкилот мебошанд, пурра татбиќ мешавад.    

Ин ба он маъност, ки зери ниќоби «донишгоњ» барои Љумњурии Тољикистон садњо мубаллиѓ ва љосусони хадамоти махсуси ин кишвар тайёр шуда истодаанд. Љойи шубња нест, ки ин лашкар барои кишвари мо тањдиди љиддї ба њисоб меравад.

Дар охир мехостем дар ин масъала ба шањрвандони кишвар, ба падару модарони азиз мурољиат намоем. Њар яки мо бояд њушёрии сиёсиро аз даст надода, аз фаъолияти чунин шабакањои љосусї огоњ бошем, то ки мо ва фарзандонамон ба доми ин мубаллиѓон наафтем. Падару модарони азиз бояд њаргиз роњ надињанд, ки фарзандонашон ба ин гуна «донишгоњњо»-и кишварњои хориљї, дар асл марказњои террористї рафта тањсил кунанд, зеро бояд ошкоро гўем, ки барои онњо дар оянда дар Тољикистон љой пайдо нахоњад шуд. Аз волидайне, ки фарзандон ва ё хешу таборашон то имрўз дар ин донишгоњи бузурги терроризм таълим мегиранд ва ё омодагии диверсионї мегузаранд, хоњиш дорем, ки фарзандони худро аз он љо даъват карда баргардонанд, то ки душмани миллати хеш нагарданд.

Ногуфта намонад, ки баъди аз тарафи давлати ИМА расман ташкилоти экстремистию террористї эътироф шудани «Љомеъату-л-Мустафо ал-ъоламия», толибон ва хатмкардагони он низ хатмкунандаи курсњои террористї ва экстремистї ба њисоб рафта, на танњо дар њудуди Тољикистон, балки дар тамоми љањон мавриди пайгирии ќонунї ва љиноятї ќарор мегиранд.

Пас, бояд фирефтаи ин доми бузурги охундї нашуда, худ ва фарзандони худро аз мушкилот ва хиёнат эмин нигоњ дорем!

 

 

Каримов Иноятулло Раҳимович, омӯзгори кафедраи улуми «Қуръон ва ҳадис»-и Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит