ТАХРИБКОРИҲОИ КАБИРӢ

 

Раҳбари худхондаи созмони террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон - Муҳиддин Кабирӣ тӯли чанд вақт дар назарҳо ғоиб ва дар кишварҳои аврупоӣ қарор дошта, дар ин муддат гоҳ бо хабаргузориҳои олмонӣ, гоҳи дигар бо расонаҳои эронӣ ва акнун бо хабаргузориҳои Осиёи Марказӣ мусоҳибаҳо намуда, бо тавсифи аҳзоби иртиҷоии динӣ мепардозад, ки зери назари худаш фаъолият мекард.

Муҳиддин Кабирӣ хиёнаткориҳои аъзояшро дарк намуда, дар воситаҳои иттилоотӣ баҳри ҳимояи онҳо ақидаҳои ба ҷомеаи Тоҷикистон зиёноварро ироа медорад. Ҳоло роҳҳои гуногунро барои бад нишон додани номи давлату миллати тоҷик пеша кардааст. Дар суҳбати Муҳиддин Кабирӣ бо сармуҳаррири расонаи иттилоттии «Фарғона» - Даниил Кислов дар робита ба муносибатҳои байни Абдуҳалим Назарзода ва Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон сухан ронда, инчунин ба интихоботи парлумонии соли 2010 дар кишвар дахл карда, аз нозирони байналмилалӣ ва маҳаллӣ шаҳодат оварданӣ мешавад, ки ду ҷо дар парлумон дода шуд ва даъвои орои онзамона мекунад: «ҳама медонист, ки овозҳо дуздида шудаанду фаъолони ҳизб табъи хеле ҳассос доштанд».

Гуфтугӯи охири Кабирӣ далели он аст, ки ӯ ҳамеша бо миллати тоҷик дар ҳолати бархӯрд қарор доштааст. Вай он давраро ёдоварӣ намуда мегӯяд: «Рӯзи якшанбе натиҷаҳои интихобот эълон шуд ва мо аллакай рӯзи чоршанбе дар даъвати маҷлиси васеи фаъолон қарор додем, ки чӣ тавр бо натиҷаҳои эълон бархурд намоем. Наздик ба ҳазор фаъол дар толор ҷамъ омаданд ва баъзе роҳбарон талаб доштанд, рост аз ҳуҷра ба кӯчаҳо бароянд. Вазъият хеле муташаниҷ буд, махсусан ҷавонон исрори тазоҳурот мекарданд». Кабирӣ дар фикри барқарор кардани обруи гумкардаи худ аст, ки ба манфиатҳои шахсиву сиёсиаш бисёр латма ворид кардааст. Баҳри нигоҳ доштан ва баргардонидани мавқеи хеш чунин мусоҳибаҳо ва сафарҳоро ташкил карда, мекӯшад гунаҳкорони ифротгарои наҳзатиро ҳимоят кунад. Вай зимни суҳбати «сарироҳӣ» дар хусуси А.Назарзода иброз медорад: «Мо натанҳо ҳамсоя, балки дӯстони хуб низ будем. Ҳоло ӯ генерал набуд ва ба ҳайси сардори кадом раёсати Вазорати мудофиа хизмат мекард». Дар матлаб суханони тамасхӯрона ва таҳдидомезона оварда мешавад ва Кабирӣ тахрибкории худро фаромӯш насохта, чун одати ҳамешагӣ нисбат ба давлату миллати хеш фикру андешаи бадро раво мебинад.

Муҳиддин Кабирӣ ба ҳақиқати ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар баҳои воқеӣ надода, адовату душмании худро нисбат ба давлату миллати тоҷик пайваста идома медиҳад. Ҳол он ки онҳо буданд, ки дари ихтилоф дар динро ба рӯи мардуми тоҷик кушоданд ва боиси вуруди ақидаҳои бегона ба кишвар гардиданд.

С.Раҳимов, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест