МАТБУОТ ДАР КИШВАРАМОН ОЗОДУ ОБОД АСТ

 

Имрӯз аз фаъолияти озоду ватандӯстонаи матбуоти тоҷик ифтихор дорем. Танҳо ибтикороти Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам эмомалӣ Раҳмон шудааст, ки имрӯз дар кишварамон беш аз 500 намуди васоити ахбори омма фаъолият дорад.

         Дар ҷашни 100 солагии  матбуоти тоҷик, ки соли 2012 пешвоз гирифта шуда буд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маърӯзаи бисёр пурмазмун аз таърихи имрӯзу гузаштаи матбуоти тоҷик карда буданд. Нақшаи матбуоти тоҷикро дар даврони соҳибистиқлолӣ хеле равшану возеҳ муайян карда буданд. “Рӯзноманигорон набояд аз ваколатҳои касбии худ сӯйиистифода намоянд, онҳо ба тамоюлинизоъагезиву тафриқаандозӣ роҳ надиҳанд...” - иброз дошта гуфта буданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

         Муҳимтарин аз ҳама барои инсон ғизои маънавӣ лозим ва муҳим аст. он ба инсонҳо тавассути ахбори омма расонида мешавад. Ҳануз 109 сол муқаддам бедорфикрони тоҷик бо чӣ қадар заҳматҳои зиёд ва ҷонсупориҳо 11 марти соли 1912 дар ш.Бухоро аввалин газетаи тоҷикиро бо номи “Бухорои шариф” таъсис медиҳанд.

         Рушанфикрони тоҷик Мирзо Ҷалоли Юсуфзодаро барои кори муҳаррирӣ аз ш.Боку даъват карда меоранд. Зиёиёни зиёде дар атрофи “Бухорои шариф” ҷамъ шуда ҳафтае се маротиба бисёр ҳадафнок атрофи ҳамаи проблемаҳои ҳайати онрӯза ба мардум мерасониданд. Аз он, ки таъсири маънавии “Бухорои шариф” ба оммаи мардум хуб мерасид, ҳукуматдорон ба воҳима афтоданд, ки мардум бояд бедор нашаванд. Ба худ еаоянд. Аз ин лиҳоз, баъди 49 рақам ва чопи 153 шумора газетарор ба гуфти устод Айни куштанд. Воқеан ҳам ибтидои матбуоти миллатамон “Бухорои шариф” буданд.

         Вазифаи виҷдонии ҳар яки мост, ки арвоҳи он касонеро, ки 109 сол муқаддам ибтидои матбуоти тоҷикро сохта буданд, посдорӣ кунем, ёдоварӣ кунем. Кори бузурги онҳоро ба насли имрӯзаамон бирасонем.

         Ҷашни матбуоти миллатамонро ба ҳамаи шумоён табрик менамоем!

Маҷидзода А, “Гулистон”

        

        

Ҳеҷ овозе нест