Таҷлили Рўзи матбуот дар ноҳияи Фархор

 

Дар толори маҷлисгоҳи  Китобхонаи марказии ноҳия ба ифтихори Рўзи матбуоти тоҷик ҷамъомади идона баргузор гардид.

Дар ҷамъомад муовини раиси ноҳия Дилбар Раҳматуллозода, мудири Шуъбаи рушди иҷтимоӣ вар робита бо ҷомеа Ҳикматҷон Ҳакимов, кормандони газетаи ноҳиявии «Гулистон», газетаи соҳавии «Минбари омўзгор»,  муҳаррири маҷаллаи «Бонувони Фархор» Бурҳониддин Усмонов, собиқадорони соҳаи матбуот, адибон ва ҷавонону наврасон ширкат доштанд.

Ҷамъомадро  муовини раиси ноҳия ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро аз номи раиси ноҳия  Раҳматзода Рустам Мирзо ба ин санаи таърихӣ ва иди касбиашон табрик гуфт.

Ҳамчунин Дилбар Раҳматуллозода қайд карданд, ки: «109 сол муқаддам, аниқтараш 11 марти соли 1912 шумораи аввалини нахустрўзномаи тоҷикии «Бухорои Шариф» аз нашр баромад ва минбаъд ин сана ҳамчун Рўзи матбуоти тоҷик ҳамасола дар қаламрави мамлакат ҷашн гирифта мешавад.Ба  қавли устод Садриддин Айнӣ : «Бухорои Шариф»  дар торикистони таърих чароғе буд, ки мардумро бо рушноияш ба роҳи саводу маърифат  ва огаҳию худшиносӣ бурд».Имрўз ҳам воситаҳои ахбори омма барои расонидани ахбору навгониҳо, анигардонии маърифату ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллии мардум ва ободию пешрафти давлату миллатамон саҳми босазо гузошта истодаанд».

Сипас собиқадори  соҳаи матбуот  Абдулҳамид Маҷидзода, роҳбари Хонаи адибони ноҳия Бурҳониддин Усмонов, муҳаррири газетаи ноҳиявии «Гулистон» Сайдаҳмад Исмоилов  ба сухан баромада, оиди яке аз вазифаҳои муҳими рўзноманигорони имрўз таъмини амнияти итттилоотӣ, ҳифзу  ҳимояи манфиатҳои миллӣ, муқовимат намудан ба ҳар гуна равандҳои номатлуб ва дифоъ намудани ҷомеа аз ин таҳдидҳо ибози андеша намуданд.

Дар рафти ҷамъомад 8 нафар рўзноманигорон ва собиқадорон  барои саҳми назаррас доштан дар соҳаи матбуот бо Сипосномаҳои раиси ноҳия қадрдонӣ шуданд.         

  Тоҷиддин Вадудов, котиби матбуотии Дастгоҳи раиси ноҳия

DSC09524.JPGDSC09589.JPG

Ҳеҷ овозе нест