Маҷлиси машваратӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳо

Бо иштироки раисону кормандони  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Фархор маҷлиси машваратӣ гузаронида шуд.

Дар кори маҷлиси машваратӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиҷон Назаров иштирок ва дар назди ҳозирин баромад намуда, дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро оид ба лоиҳаи пешниҳодшудаи буҷа ва намунаи пешниҳодшудаи нақшаи кориро барои соли 2018 мавриди баррасӣ қарор дод.

Алиҷон Назаров зимни суханронии хеш қайд намуд, ки ин ҳуҷҷатҳо дар баробари дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим ба рӯзномаи маҷлиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, ки охирҳои моҳи декабр дар назар дошта шудааст, мавриди баррасӣ ва тасдиқ қарор мегиранд.

Миёна: 5.6 (5 votes)