Мулоқоти вакил бо сокинони ноҳияи Фархор

DSC09678.JPGDSC09698.JPGDSC09656.JPGDSC09663.JPG

   Дар толори маҷлисгоҳи МИҲД-и ноҳияи Фархор вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи Фархор №34  Раҳмонзода  Зоир Файзалӣ  бо  сармутахассисони бахши дин танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳраку деҳоти ноҳия, эмомхатибони масҷидҳои панҷвақтаи ҷамоатҳо баргузор гардид.

   Зимни суханронӣ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ нахуст миннатдории самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати фаъолона ширкат доштани сокинони ноҳия дар ду маъракаи сиёсии соли 2020 – Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми сокинони ноҳияи Фархор расониданд.

   Сипас вакили мардумӣ атрофи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оқибатҳои пандемияи коронавирус  КОВИД-19 дар минтақа ва ҷаҳон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», рушди иқтисодиёти  миллӣ, илм ва маориф, фарҳанг ва дигар масъалаҳои дар Паём зикргардида ибрози андеша карданд.

  Чунин мулоқоту вохӯриҳои вакил Раҳмонзода Зоир Файзалӣ дар Шуъбаи маорифи ноҳия бо омӯзгорон ва дар Беморхонаи марказӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ   низ сурат гирифт.

   Дар охири мулоқотҳо вакили мардумӣ ба саволҳои иштироккунандагон ҷавобҳои мушаххас дода, ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки аз ҳар як қитъа заминҳои корам самаранок истифода намоянд.

                        Аз дафтари матбуотии Дастгоҳи раиси ноҳия

 

Ҳеҷ овозе нест