ФАРХОР НАВРӮЗРО ҶАШН ГИРИФТ

DSC09718.JPGDSC09779.JPGDSC09777.JPG

Ин субҳ дар Боғи фарҳангию ноҳия мардуми меҳнатқарини  Фархор ҷашни Наврӯзи хуҷастапайро таҷлил намуданд. Оғози ин идро раиси ноҳия муҳтарам Раҳматзода Рустам ҳусни оғоз бахшида, ба мардуми ноҳия ва ба кулли тоҷикон ин иди байналмиллалиро табрику таҳният намуд.

Дар ин ҷашн варзишгарон, ҳунармандон, занону духтарон  ҳунарҳои волои худро ба мардуми ноҳия пешниҳод намуданд.

Инчунин, кормандони Бахши фарҳанги ноҳия майдони рақсу бозиро зиннат дода, дар он санъаткорон ба ҳоизирин сурудҳои дилнишин тақдим намуданд. Имрӯз тамоми ҷавонону духтарон, кудакон, пиру барно, ҳама бо либосҳои ҷашнӣ саршори меҳру мууҳаббат гардиданд.

Аз дафтари матбуоти раиси ноҳия

Ҳеҷ овозе нест