ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ФАРХОР МУҲТАРАМ РАҲМАТЗОДА РУСТАМ БА МУНОСИБАТИ ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

 

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ҷашни байналмилалии Наврӯзро ба кулли мардуми ҷумҳурии азизамон муборакбод намуда, ба ҳар яки Шумо саломатӣ, сарбаландӣ ва хонаободиро орзу менамояд.

Наврӯзи аҷам, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳон бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми ҳановаташ эҳё гардида, чун рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ба ҷашни милливу давлатии мо табдил ёфт. Ин ид яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми тоҷикзабон буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Зеро маҳз дар арафаи Наврӯз табиат эҳё шуда, замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба кишти баҳорӣ оғоз намуда, бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ба замин дона мепошад. Наврӯз бо ҳама ҳусни табииву заминиаш намунаи фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, аз давраҳои дерин барои муҳаббату самимият ва сулҳу ваҳдати байни инсонҳо заминаи беҳтарини маънавӣ фароҳам овардааст.

Одатан дар арафаи ин ҷашн навозиши ятимону маъюбон, аёдати калонсолону беморон, хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон, бахшиши гуноҳҳо  ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву ободонй – донаи умед коштан, ниҳолҳои босамар шинондан, тозаву озода кардани хонаву кошона ва кӯчаву растаҳо суннатҳои асосии Наврӯз ба шумор мераванд. Истиқболи гарми Наврӯзи байналмилал ҳамчун ҷашни бузургу муқаддаси умумимиллӣ, ки рамзи ҳувият ва ифтихори миллии мардуми шарифи диёрамон мебошад, меҳри Модар ва Ватани азизро дар дили ҳар як фарди ватандор бедор месозад.

Имрӯз мову шумо ҷашни Наврӯзи байналмилалиро бо шукру сипос ва ифтихору сарфарозӣ аз сулҳу субот, фазои орому осудаи кишвар дар партави пуштибониҳои падаронаи Пешвои муаззами миллатамон дар руҳияи болида истиқбол намуда, рисолати шаҳрвандии худро бо сарбаландӣ адо менамоем.

Бо чуин ниятҳои нек, ба Шумо ҳамдиёрони азиз, пеш аз ҳама саломатии бардавом, файзу баракат дар хонадонатон, саодату хонаободӣ ва муваффақиятҳои нав ба навро бароятон орзу менамоям.

 

Наврӯзи хуҷастапай муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

 

Бо эҳтиром, раиси ноҳияи Фархор,

Раҳматзода Р.М

 

Ҳеҷ овозе нест