ИСТИРДОДИ ИЗЗАТ АМОН

 

Холов Изатулло бо номи маъруфи Иззат Амон ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Тибқи маълумотҳои ВКД ҶТ шаҳрванд Холов Изатулло Амонович, соли таваллудаш 1973, зодаи ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Холов Изатулло Амонович бо мақсади аз маҳбас озод кардани шаҳрванд Шарипов Ҳасан, ки бо гуноҳи машғул шудан ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар Русия қарор дорад, аз бародари номбурда Шарипов Бобоҷон, сокини ноҳияи Восеъ бори аввал 40 ҳазор рубли русӣ ва маротибаи дуюм 1000 доллари ИМА талаб карда, мегирад.

Холов дар ҳаракатҳои тафтишотӣ умуман иштирок накарда, барои ҳимояи айбдоршаванда Шарипов Ҳасан ягон корро анҷом надодааст. Ҳамзамон, ба ӯ ягон хел кумаки ҳуқуқӣ низ нарасонидааст. Холов маблағҳои бо роҳи фиреб ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф карда, ба шаҳрванд Шарипов зарари махсусан калони моддӣ расонидааст. Инчунин, Холов Иззат ба боварии даҳҳо нафар корафтодагон даромада, бо роҳи фиреб маблағҳои калони пулиро гирифта, аз худ намудааст. Аммо ҳолатҳои мушаххас зикр нашудаанд.

Иззат Амон аз фаъолони тоҷики Русия буд, ки созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷиронро роҳбарӣ мекард ва аз фаъолияти мақомоти тоҷик гоҳо интиқод менамуд. Ӯ, ки шаҳрвандии Русияро дошт, аз он маҳрум шудаасту ҳамчун шаҳрванди хориҷӣ ахиран бо қарори додгоҳ барои фаъолияти меҳнатии бидуни иҷоза ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст. Иззат Амон шахсест, ки ба таври мавсимӣ сиёсатмадор аст. Ҳамин ки кисааш аз рублҳои ғасбшуда холӣ шуд, ҳомии сарсахти ҳуқуқи муҳоҷирон мешавад. Вазифаҳо ва уҳдадориҳои сафорату консулиҳоро ба уҳда гирифта, мехоҳад дар бозори муҳоҷират яккатоз бошад. Гоҳ-гоҳе фитна меандозад. Санг тарафи ҳукумат мезанад ва ба насиҳатгӯӣ оғоз мекунад. Атрофиёнаш мегӯянд, ки як шахси писари замон ё ба гуфти арабҳо ибнулвақт мебошад. Дар мавқеи сиёсиаш устувор нест. Дар мавқеи эътиқоди диниаш ҳам.

Ҳоло хазинае ба номи муҳоҷирону ба коми нафсбедорон кушодааст. Ин хазина, ки эҳтимол ғаразҳои молӣ дар пай дорад, барои муҳоҷирон на мушкилкушо, балки мушкилофар шудааст.

Ин хел одамҳо дар як нуқта намеистанд, ҳама вақт тағйир мепазиранд. Касеро нақл карданд, аввал коммунист буд, баъд демократ шуд, баъдан йогапараст шуд, ҳоло муллои ғурро аст, касеро гап задан намемонад. Тамоми ҳаёт дар пайи қути лоямути динӣ ва ситонидани фоидае ҳастанд, ин гуна одамҳо, мисли Иззат Амон.

 

Хидироа А, Минбари омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест