Гусели наваскарон

              DSC09882.JPGDSC09875.JPG          

        2 - юми апрели соли равон дар назди бинои Комиссариати ҳарбии ноҳия бахшида ба оғози даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Раҳматзода Рустам Мирзо, даъватшавандагон ва волидайни онҳо, роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳои  давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорон ва фаъолон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

   Дар оғоз раиси ноҳия муҳтарам Раҳматзода Рустам Мирзо наваскарон ва падару модарони онҳоро ба «Рӯзи даъватшаванда» табрик гуфта, аз ҷумла қайд карданд, ки: – Артиш бояд беҳтарини беҳтаринҳоро фарогир бошад. Танҳо шахси ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад.  Акнун шумо ҷавонони ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда  имкон  доред, ки  дар таъмини амният, ҳифзи марзу бум ва суботи мамлакат садоқати хешро ба давлат ва мардуми Тоҷикистон бо хизмати садоқатмандонаю шоиста собит созем. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки мардум, падару модарон ва хоҳару бародарони мо дар симои ҳар яки шумо ҳомиёни воқеии Ватан, муҳофизони сарзамин ва марзу буми аҷдодиро мебинанд.

 Сипас даъватшаванда Сурхонов Шарифхон ба сухан баромада, назди ҳозирин қавл доданд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ пайваста, хизмат ба Ватанро шарафи худ мешуморад ва содиқона ба халқу миллати хеш хизмат мекунад.

 Баъдан модари даъватшуда Раҷабмоҳ Эмомова ба назди баландгӯяк омада чунин изҳор доштанд:  - Аз он ифтихор дорам, ки  нахустфарзандам Сафархон Искандаров имрӯз ихтиёран ба хизмати Ватан меравад. Дуо мекунам, ки солим рафта, саломат ва бо сари баланд аз хизмат баргардад. Фарзанди азизам дониста бош, «Модар яктост - Тоҷикистон яктост».  Ба савганди ҳарбӣ ҳамеша содиқ бошӣ!

 Сархатиби масҷиди ҷомеъи марказӣ Саймуъмин Муродов низ ба сухан баромада, аз ояту ҳадисҳои исломӣ мисол оварда, дӯст доштан ва хизмати содиқона намудани ҷавононро қарзи инсонӣ ва имонии ҳар як фарди ватандӯст донистанд.

 Ҳамоиш бо баромади ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия ва рақсу бозии наваскарон интиҳо ёфт. Наваскаронро бо рӯҳи болида ва бо сари баланд ба хизмати Модар – Ватан гусел карданд.

 Бояд тазаккур дод, ки 55 нафар ҷавононе, ки барои адои хизмати Ватан дар даъвати баҳорӣ ихтиёран ба Комиссариати ҳарбӣ омаданд, бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ронандагӣ фаро гирифта шуда буданд.

 

Ҳеҷ овозе нест