МУРОҶИАТ БА МУҲОҶИРОН ВА ПАЙРАВОНИ ИЗЗАТ АМОН

 

Чи хеле, ки ба ҳамагон маълум аст, санаи 2-юми апрел дар шаҳри Маскави Федератсияи Россия тақрибан 200 нафар муҳоҷирони тоҷик баъд аз гузаронидани намози ҷумъа бо маслиҳати худашон, бе мувофиқа ва бе иҷозаи шаҳрдории Ҳукумати Маскав рафта дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Россия тазоҳурот ташкил намуданд. Эътирозагрон дар назди сафорат озодии Иззат Амонро хостаанд. Аммо бо сабаби ғайриқонунӣ тазоҳурот карданашон аз тарафи полис дастгир карда шуданд.         Тибқи хабару расонаҳо ин боздоштшудагон аз татарфи полис ҷарима ва аз хоки Руссия бадарға карда шудаанд.

         Дар байни боздоштшудагон аъзоёни Гуруҳи-24 низ буданд, ки фитнаро дар байни муҳоҷирон ҳаминҳо бардоштанд. Вақте муҳоҷирони дасгиршударо дар даруни мошини панҷарадори полис мебурданд, ҳамин аъзоёни Гуруҳи-24 дарҳол ба шабакаи онлайнии Ҳусейн Ашуров-ровии барнома бо видео-чат пайваст шуда, аз аҳволу қаҳрамониҳояшон худашонро маълум карданд.

Ин муҳоҷирон истифода аз озод намудани Иззат Амон, ҳатто аз истеъфои роҳбарияту ҳукумати тоҷикон низ иғво бардоштанд. Пас, вақте, ки Иззат Амон бо ҷурми қаллобӣ – моддаи 247 ҚҶТ айбдор шуда бошад, айби ҳуқуматдорон дар чист?

         Муҳоҷирони муҳтарам! Дар мардуми тоҷик як масал аст: “аз қафои зоғ куҷо меравӣ?...хурӣ”. Бинед, аз қафои як ҷинояткор рафтан, худ ба коми ҷиноят задед. Аз он кору фаъолияте, ки тайи чандин сол дар Федератсияи Россия доштед, мондед. Агар ду рӯз пас Иззат Амон ба озодӣ барояд, ӯ метавонад шуморо мисли пештараатон барқарор намояд? Ҳаргиз не!

         Бигузор чунин мазҳакаи сохтаи назди сафорат ба дигар муҳоҷирон дарси ибрат шавад.

         Иззат Амон пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ зидди давлату ҳукумати тоҷик норозигӣ баён менамуд, ки бо ин усулу иғво сафи пайравони худро зиёд мекард ва дар дили ҳар яки онҳо ҳисси бадбинию кинаро нисбат ба ватану миллати худ пайдо мекард, ки ин ҳама бо нақшаву матраҳи роҳбарияти ТЭТ ҲНИ ва Гуруҳи 24 буд.

         Мо мебинем, ки имрӯзҳо муҳоҷирон бо чи азобу машаққат гову мол ва мошинҳои худро фурухта, мехоҳанд  ба Федедратсияи Росиися барои музд раванд ва дар сардиҳои муҳоҷират бемору бехоб аз пайи ризқу рузии оилаашон гаштаанд. Пас, муҳоҷирон, аз шумо хоҳиш, эҳтиёт бошед! Фирефтаи иғвогарон нагардед. Шуморо дар хона фарзандону волидонатон интизоранд.

Т.Вадудов, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест