ИЗЗАТ АМОН ПАЙРАВИ ТЭТ ҲНИ

 

Тоҷикистони биҳиштосои мо дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад. Мо аз он мефахрем, ки бо ташаббуси Пешвои маҳбубамон мо 30 сол дар фазои сулҳу ором зиндагӣ дорему, фарзандонамон таҳсили илм доранд. Шукрона бояд кард, ҳар рузу ҳар шаб, ки ба истиқлолияти давлатӣ ноил шудем. Аммо бархе аз одамон ба ин чизи муқаддас намерасанд, бо амалҳои зидди миллии худ унвони душман ва хоин миллатро ба худ касб кардаанд. Имрўзҳо онҳо ба ҳамагон маълум ҳастанд.

Чунин ашхосонро тоҷик ё ҳамватан номидан мумкин нест.Онҳо аз рисолати таърихии худ даст кашида, ба ТТЭҲНИ ва дигар ташкилотҳои терористи-экстремисти пайваст мешаванд. Аз ҷумлаи онҳо Иззат Амон мебошад. Бояд тазаккур дод, ки чунин тафаккури зиддмиллии вай, рафторҳои ғаразноку кинаҳои ошубҳои ошубангезаш хоси фарзандони миллати тоҷик нест. Аммо чашмони ин беватану бадбахту бешараф дар дидани рушди Тоҷикистон нобино шуда, имрўз ҳадафаш фақат паст задании обрўю эътибори Ватани азизамон мебошад. Ин хоини миллат аз рисолати азалии мардуми тоҷик беха, ки рисолати тоҷикон тамаддунофарӣ ва бунёдкорӣ инсонпарварӣ ва сулҳпарварӣ мебошад

Алҳол, ки Шумо берун аз кишвар қарор доред ба хотири ба даст овардани маблағҳои муфт ба дасисакориву фитнаангезӣ машғул ҳастед ва бар зидди мардуми азищи мо фаъолияти таблиғотиву итилоотӣ бурда, номи тоҷикро дар созмонҳои байналмиллалӣ бадном месозед.Аммо рафтору кирдорҳои фитнаангезатон на фақат дар сатҳи байналмиллалӣ , балки дар сатҳи дохили кишвар ҳам наметавонад афкори ҷолмеаи тоҷикро тағйир диҳад. Ба саъми шумо мерасонам, ки тинҷиву оромии Ватани азизамонро ноором карда наметавонед.

Бадхоҳон ҳеҷ вақт ба мақсаду маромашон намерасанд. Ту худро ғамхори миллат нишон медиҳӣ, аммо дар куҷост он ғамхориҳоятон фақат мардумро ба роҳи нодуруст мебарӣ, ки худат алакай он роҳро интихоб намудаи аммо ҳеҷ вақт мардуми моро фиреб кардан наметавонӣ, зеро мардуми мо мардуми бомаърифату босавод ҳастанд. Мардуми вататандори мо дар ин си сол нишебу фарози истиқлол зиракии сиёсиро аз даст надода, аз паёмадҳои фитнаангезатон бохабар ҳастанд. Мо сиёсати хирадмандонаи Пешвои маҳбубамонро ҳеҷ вақт аз даст намедиҳем ва ҳамеша бо давлату Пешвои миллатамон ҳастем.

Ҳеҷ овозе нест