Оштинопазир будан алайҳи ифротиён-қарзи фарзандии мост !

 

Тазоҳуроте, ки дар назди сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москваи кишвари Русия рўзи 2.04.2021 аз тарафи муҳоҷирони иҷбории Тоҷикистон ба вуқўъ пайваст, дасти шум ва амалҳои нопоку разилонаи ҳамон ташкилоти терорристӣ- экстремистии Ҳизби мамнўъ шудаи наҳзати исломӣ аст, ки вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва пойгоҳҳои хабарӣ баҳри ҳимояи бархе аз фарзандони ба ном «Ҳақиқатҷўй ва адолатпеша» бархостан,  маҳсуб мешаванд. Мусалам аст, ки баъди нооромӣ  ва муноқишаҳои сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта, ки худ хиёнаткори сар задани чунин нооромиҳо буданд, рушди бемайдони иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии кишварро дар зарфи анқариб 30-соли охир нодида мегиранд.

Ҳақиқат ин аст , ки Русия яке аз давлатҳои абарқудрат ва шарики стратегии кишвари мост, ва фазои мусоид баҳри фарзандони мо -муҳоҷирони меҳнатӣ маҳз дар ин кишвари беканор афзалтар аст. Бояд гуфт, ки фирефтаи саркардагони ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ маҳз ҳамон ҷавононе мешаванд , ки дар мафкураи чунин ҷавонон мафҳумҳои ватану миллат чандон арзише надорад.

Бояд гуфт, ки дар ташкил ва гузаронидани чунин тазоҳурот , ки ҷавонон барои ҳумояи як нафар аз шаҳрванти тоҷик Холов Иззатулло Амонович (Иззат Амон, соли таваллудаш 1973) ки солҳои тулонӣ  дар муҳоҷирати меҳнатӣ будааст ва гўйё аз манфиатҳои ҳуқуқии фарзандони дар муҳоҷират будаи кишвари мо ҳимоя мекардааст, даст доштани роҳбарони ҳаракатҳои мухолифини тоҷик, ки дар замони муосир бо номҳои  «Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон», «Паймони миллии Тоҷикистон» ва ғайра ки бо номҳои гуногун зуҳур мекунанд мебошад.

Мо –аҳли Тоҷикистон ва хосса теъдоди зиёди шаҳрвандони мо ки айни ҳол дар Федератсияи Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд бояд шукрона аз он кунем, ки давлати соҳибистиқлол дорем. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки озод ва дар фазои сулҳу суботи миллӣ осуда зиндагӣ мекунем. Имрўзҳо ақлу хирад ва сиёсату мафкураи ояндасози мардуми мо таҳти сарварии марди оқилу хирадманд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боло рафтаасту талошҳоямон барои пешрафти иқтисодии мамлакат ва ободии диёр самараҳои хуб дода истодаанд.

Ба ҳамагон маълум аст , ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ , илму маориф  ва фарҳанг ба он дастовардҳое ноил гашт, ки ба садсолаҳо баробар аст ва дур нест, ки Тоҷикистон дар наздиктарин фурсат аз кишвари аграрию саноатӣ ба кишвари саноатию аграрӣ табдили ном карда дар радифи мамлакатҳои мутарақии ҷаҳон ҷой хоҳад гирифт. 

 

 

Носиров Насруллов ва Рашидов Абдуҷаббор-

Кормандони шуъбаи маориф

Миёна: 1 (1 vote)