СУЙИСТИФОДАИ КАБИРӢ АЗ ДИН

1789_0.png

Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ худро мухолифини сарсахти давлати Тоҷикистон дониста, аз ҳар дару дарвоза сару садое баланд карда, Давлату Ҳукумати Тиҷикистонро зери интиқоди шадид қарор медиҳанд ва бо ифтихори сохтаву бофта мегӯянд: «вақте худро аъзои ҳизб мегӯем, бояд ифтихор дошта бошем, ки аъзои як ҳизби исломием, ҳизбе, ки дар пояи фармудаҳои Қуръону суннат роҳандозӣ шудааст». Мутаассифона, ҳизбе, ки суннатро зери по кардаву онро М. Кабирӣ ба манфиати гурӯҳӣ табдил дод. М.Кабирӣ ба ҳақиқати ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар баҳои воқеӣ надода, адовату душмании худро нисбат ба давлату миллати тоҷик пайваста идома медиҳад. Ҳол он ки онҳо буданд, ки дари ихтилоф дар динро ба рӯи мардуми тоҷик кушоданд ва боиси вуруди ақидаҳои бегона ба кишвар гардиданд.

М.Кабирӣ аз мулоқотҳои бо А.Назарзода доштааш сухан мекунад: «Ман бо А.Назарзода соли 1997 - вақте вай фармондеҳи баталёни 25-уми Вазорати мудофиа, ки дар ҳифзи Комиссияи оштии миллӣ, зери роҳбарии устод Саид Абдулло Нурӣ ва кафолати махсуси бехатарии комиссия буд, мулоқот кардам». Дар ҳоле ки то имрӯз садҳо ҷинояткориҳои ин ҳизб бо А.Назарзода барои мардуми тоҷик маълум гардидаанд ва ба ҳаёти халқи одӣ таъсири манфӣ расонидаанд. Нуқтаи назари Муҳиддин Кабирӣ бо ибрози андешаҳои ахираш мавқеи аслии худро дар робита бо А.Назарзода пурра ошкор намуд. Дар бораи вазъияти бавуҷудоварда дар моҳи сентябри соли 2015 диди худро баён кардааст, ки он аз мавқеи Назарзода наздик аст.

То ҳол аъзои ТЭТ ҲНИТ замони муосирро «марҳилаи сангингузар барои наҳзати исломӣ» унвон карда, сармоягузории Кабирӣ барои ошӯби Абдуҳалим Назарзода дар санаи 4-уми сенябри соли 2015-ро баҳонае беш намешумориданд. Борҳо мақомоти марбутаи Тоҷикистон собит намуда буданд, ки дар он воқеаҳо дасти раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ кам нест ва он имрӯз бори дигар исбот гардид. Ҳатто, писари Муҳиддин Кабирӣ - Руҳуллоҳ Тиллозода ба Назарзода кӯмаки молӣ расонд. Яъне, як рӯз қабл аз он ҳодиса Р. Тиллозода ба Абдуҳалим Назарзода 1 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА дод.

Дар мавриди расондани маблағи мазкур боз се нафар аз наздикони Кабирӣ, аз ҷумла, Ҷамшед Нарзуллоев, Маҳмадалӣ Раҳматуллоев ва Ҳикматулло Сайфов мусоидат карданд. Онҳо низ гуфтанд, ки ин корро танҳо бо супориши М.Кабирӣ ва миёнаравии Т.Руҳуллоҳ ба анҷом расонданд. Дигар ҳеҷ ҷойи шакку шубҳа надорад, чунки рози ниҳони хиёнаткориҳои Кабирӣ дер намонд ва зуд фош гашт. Онҳо даъвои беасос доштанд, ки Додгоҳи олӣ дар ибтидои он марҳила бо барчаспҳои ифротгарову террористӣ домани наҳзатро аз пушт доғдор ва ба ҳамин баҳона фаъолияти онро расман дар кишвар қатъ кард. Дар идомаи матлаб дар бораи фаъолияти наҳзат сухан ронда, ҳарфҳои тахминиву бевазн дар ҳар гуфтор зиёд ба назар мерасад. Кабирӣ гоҳ худро дар доираи қонун фаъолияткунанда ва гоҳи дигар дар доираи шариат амалкунанда иброз медорад. Вале дар ҳарду ҳолат иштибоҳ мекунад: на ба шариат наздик ҳасту на ба қонунҳои амалкунандаи ҷаҳонӣ мувофиқ.

Р. Раҳимов, таҳлилгар

Ҳеҷ овозе нест